Баҳси вазъи Сурия, Украина ва Афғонистон дар ҷаласаи вазирони дифои СҲШ
Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони дифои Созмони ҳамкории Шанхай, ки имрӯз 1 апрел дар вилояти Суғд оғоз шуд, дар пасманзари хуурҷи неруҳои сулхоҳ аз Афғонистон аз эҳтимоли хатарҳои нав дар минтақа ҳушдор додааст.
Дафтари матбуотии Вазорати дифои Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки Шералӣ Мирзо иброз намудааст, ки барои пешгирӣ намудани ҳар гуна хатар баъд аз хуруҷи нерӯҳои сулхоҳ аз Афғонистон рушди барномаҳои бисёрҷонибаи низомиӣ дар кишварҳои аъзои созмон муҳим аст: “Вазири дифои Тоҷикистон зимни ин нишаст бо ҳамтоёни худ ҳамчунин вазъи кунунии Украина, Сурия ва ҳамкориҳои ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ, мубодила ва омодасозии кадрҳо ва дигар масоили вобаста ба амнияти минтақаро баррасӣ намудаанд.”
Дар ин ҷаласа ҳайати низомии Русия таҳти роҳбарии вазири дифояшон Сергей Шойгу, ҳайати Чин таҳти роҳбарии Чан Вансюан, ҳайати Қирғизистон таҳти роҳбарии вазир-Талайбек Омуралиев, ҳайати Қазоқистон таҳти роҳбарии вазир-Одилбек Ҷақсибеков ва ҳайати Узбакистон таҳти роҳбарии муовини аввали вазири дифои ин кишвар Баҳодур Тошматов ширкат намудаанд.
Дар доираи ин нишаст инчунин Шералӣ Мирзо бо ҳамтои русаш Сергей Шойгу мулоқоти дуҷониба карданд. Ба иттилои манбаи “Озодагон” ҷонибҳо аҳамияти Созмони ҳамкории Шанхайро дар таъмини амнияти минтақа бузург арзёбӣ карда, афзудаанд, ки дар доираи ин созмон ҳамкории низомии Душанбею Маскав густариш хоҳад ёфт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |