“Ишқу ошиқӣ” дар Ғончӣ боиси куштори ду мард шудааст
Мақомоти пулиси вилояти Суғд мегӯянд, давоми як ҳафтаи ахир дар ноҳияи Ғончӣ ду ҷиноятӣ одамкушӣ сабт шудаанд, ки дар заминаи “ишқу ошиқӣ” ё худ муносиботи маҳрамонаи ғайрирасмӣ сар задаанд.
Тавре аз дафтари матбуотии Раёсати умури дохилии вилояти Суғд ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар пайи ин ҳодисаҳо ду марди 35-сола ва 39-сола аз ҳаёт маҳрум шудаанд.
Ба иттилои манбаъ дар куштори якум сокини 61-солаи ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Ғончӣ муттаҳам мешавад, ки тибқи фарзияи тафтишот дар ҳолати мастӣ Шўҳрат Файзуллоеви 39-сола, сокини шаҳри Истаравшанро, ки бо духтараш ғайрирасмӣ ҳамзистӣ мекардааст, бо корди хоҷагӣ зада ба ҳалокат мерасонад: “Тафтишот муайян кардааст, ки ҷабрдида расман оиладор буда, 5 сол инҷониб бо пешбарии хоҷагии умумӣ духтари гумонбаршударо ба занӣ гирифтааст.”
Инчунин манбаъ илова намуд, ки дар пайи дузанагӣ ё худ муносибатҳои зану шавҳарии ғайрирасмӣ дар ҳафтаи охир як сокини дигари 35-солаи Ғончӣ низ ба ҳалокат расидааст: “Дар куштори Ҳикматулло Рустамови 35-сола маҳбубаи 38-солааш муттаҳам мешавад, ки ба иттилои тафтишот дар дохили мошини «Opel-Vectra» ӯро корд зада мекушад.”
Мақомоти пулис мегӯяд, феълан аз рӯи ин ду ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |