Узбакистон назорати мизоҷони интернет-қаҳвахонаҳоро шадидтар кардааст
Мақомоти Узбакистон назорат аз болои мизоҷони интернет-қаҳвахонаҳоро шадидтар кардааст.
12news.uz менависад, ки аз соҳибони ҳамаи интернет-каҳвахонаҳо талаб мешавад, то дар онҳо камераҳои назоратӣ насб намоянд. Операторҳо бошанд, дастури ҷиддӣ гирифтаанд, ки тамоми маълумот дар мавриди ба кадом сомона ворид шудани мизоҷро барои се моҳ ҳифз кунанд.
Тибқи қарори Кумитаи давлатии алоқа, иттилоотонӣ ва технологияи телекоммуникатсионии Узбакистон таъсиси интернет-қаҳвахонаҳо дар таҳхонаҳои биноҳои бисёрошёна манъ аст.
Мақомоти Узбакистон борҳо дастрасӣ ба сомонаҳои зиёдеро масдуд кардааcт. Моҳи ноябри соли сипаришуда бо дастури ҳукумат дастрасӣ ба як қатор сомонаҳо тавассути телефони мобилӣ номумкин шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |