БДА: Барои амнияти Шойгу ҳаракат дар Душанбе маҳдуд мешавад
Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия эълон кардааст, ки аз соати 16:00 то 22:00 ҳаракат дар Душанбе маҳдуд мешавад.
Тибқи иттилоияи ин ниҳод ҳаракат ба хотири таъмини амнияти Сергей Шойгу, вазири дифои Русия маҳдуд мешавад: “Рӯзи 1 апрели соли равон аз соати 16:00 то 22:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Саъдӣ Шерозӣ, Неъмат Қарабоев, Шестопалов, Борбад, Шевченко, Рудакӣ муваққатан маҳдуд карда мешавад.”
БДА меафзояд, ронандагони воситаҳои нақлиёт метавонанд аз кӯчаҳои Н.Махсум, Б.Ғафуров, Карамов, М.Турсунзода, Шотемур ва Дустии Халқҳо истифода намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |