Ориёнбонк аз ICD 6 миллион $ гирифт: Барои ТАЛКО?
Корпоратсияи исломии рушди бахши хусусӣ (ICD) ва “Ориёнбонк”-и Тоҷикистон созишнома дар бораи ихтиссоси 6 миллион доллари амрикоиро ба имзо расондаанд.
Дар ин бора ICD бо пахши як иттилоия хабар додааст. Холид-ал-Абудӣ, мудири кулли Корпоратсияи исломии рушди бахши хусусӣ гуфтааст, 6 миллион доллар ба Ориёнбонк барои сармоягузории корхонаҳои хурду миёна дар соҳаи саноат, коммуникатсия, технология, тандурустӣ, сохтмон ва хоҷагии қишлоқ пешниҳод шудааст: “Корхонаҳои хурду миёна дар иқтисодиёти дилхоҳ кишвар саҳми арзанда доранд ва ICD ба онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад.”
Ин дар ҳолест, ки дар акси нашркардаи ICD аз ҷониби Тоҷикистон, ин созишномаро Шералӣ Кабиров, мудири молиявии корхонаи алюминийи тоҷик, “ТАЛКО” имзо кардааст. ТАЛКО ахиран аз ҷой доштани мушкили молӣ хабар дода, изҳор дошт, ки ниёз ба дастгирии давлат дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |