Муфаттишони эронӣ ҷои пулҳои Бобак Занҷониро ёфтаанд
Ситоди мубориза бо фасоди иқтисодии Эрон барои бозпас овардани сармояҳои миллиардери боздоштшуда - Бобак Занҷонӣ аз Вазорати умури хориҷии ин кишвар кумак хостааст.
Юсуфиён Мулло, узви нозири Маҷлиси Эрон дар ситоди мубориза бо фасоди иқтисодӣ гуфтааст, муфаттишони сафарбаршуда макони сармояҳои Занҷониро муайян кардаанд, вале қудрати ба танҳоӣ бозпас овардани онҳоро надоранд. Ӯ мегӯяд, “масири пулҳои Занҷонӣ мушаххас шудааст ва агар Вазорати умури хориҷии Эрон ба ин масъала дахл карда, ба мо ёрӣ расонад, метавонем, ин пулҳоро баргардонем.”
Юсуфиён Мулло аз иқдоми Вазорати умури хориҷии кишвараш дар Женева дар робита ба ин қазия истиқбол карда, гуфтааст, “Вазорати умури хориҷӣ бояд бидонад, ки дасти Ситоди мубориза бо фасоди иқтисодӣ дар хориҷ аз Эрон баста аст ва ин вазорат аст, ки бояд моро ёрӣ кунад.”
Ба гуфтаи ӯ, муфаттишони додситонии шаҳри Теҳрон, ки дар миёнаҳои моҳи марти соли ҷорӣ барои ҷустуҷӯ ва ҳисобукитоби дороии Бобак Занҷонӣ дар хориҷ аз Эрон, аз ҷумла ба Тоҷикистон, Туркия ва Малайзия фиристода шуда буданд, макони сармояҳои ин миллиардери боздоштшудаи эрониро мушаххас кардаанд: “Ин ҳайати муфаттишон ҳанӯз ба ватан бар нагаштаанд ва ҳоло машғули кор мебошад. Аммо онҳо то кунун ба натиҷаи хубе даст ёфта, масири пулҳои Занҷониро пайдо кардаанд.”
Узви нозири Маҷлиси Эрон дар ситоди мубориза бо фасоди иқтисодӣ далели тамдид шудани муҳлати боздошти Бобак Занҷониро ба анҷом наёфтани тафтишоти парвандааш рабт дода, аз сокинони кишвараш даъват кардааст, барои муҷозоти ин миллиардер ҳоло шитоб накунанд: “Дар шароити феълӣ набояд дар фикри муҷозоти Занҷонӣ шуд. Мизони қарзи ӯ ба ҳадде боло рафтааст, ки агар ҳоло онҳоро ба Эрон баргардонем, таъсири мусбатеро ба иқтисоди кишвар хоҳем дид ва мо феълан дар фикри овардани ин пулҳо мебошем. Муҷозоти миллиардер дар марҳилаи баъдӣ аст.”
Бобак Занҷонӣ, ки аз ӯ “дӯст”-и бархе аз мақомдорони тоҷик низ ном бурда мешавад, 30 декабри соли гузашта дар Эрон боздошт ва баъдан ба зиндони Эвини ин кишвар интиқол ёфт. Мақомоти Эрон эълон карданд, ки Занҷонӣ барои "гум шудан"-и 2 миллиарду 60 миллион евро пули марбут ба Вазорати нафт, ки шахси воқеӣ набояд онро дар ҳисоби худ дошта бошад ва аз он барои сармоягузорӣ истифода кунад, муттаҳам мешавад. Ин миқдор пуле, ки миллиардери эронӣ гуфтааст, онро тавассути Бонки миллли Тоҷикистон ба кишвараш интиқол дода, санад ҳам дорад. Аммо вакилони парлумони Эрон ин санадро ҷаълӣ ё қалбакӣ хонда, Бонки миллии Тоҷикистон ҳам анҷоми як чунин амалиёт тавассути ин бонкро расман рад кард.
Номи Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ замоне дар Тоҷикистон маъруф ва сархати расонаҳои хабарии кишвар қарор гирифт, ки сармояҳои ӯ вориди Душанбе шуд. Дар Тоҷикистон ҳоло ду тарҳ, ширкати “Осиё Экспресс”, соҳиби нави автовокзали пойтахт ва бонки «Kont Investment Bank», ки қароргоҳаш дар Душанбе мебошад, ба Занҷонӣ марбут дониста мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |