Бахшҳо

Қрим, қурутоб, каблук, шукр, магаси паразит ва Марати Кордчазан

Далер ШАРИФОВ, гузоришгари махсуси “Озодагон” аз Қурутобхона

Имрӯз якуми апрел дар тамоми марказҳои саноатӣ ва фарҳангии ҷаҳон, ба монанди Вашингтону Маскав, Дубайва ҷамоати Лойхураки Боло ҷашнвораи байналмиллалии “ҚУРУТОБ- 2014” доир гардид, ки бинобар гуфтаи хабарнигорони шабакаҳои давлатии Тоҷикистон, дар ҷаҳон бесобиқа будааст.

Ин ҷашнвора бо ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон ва дастгири молии ширкати ТАЛКО, инчунин шахсони саховатманду хайрхоҳ ва соҳибкорони муваффақ, аз он ҷумла Амонуллои Ҳукуматулло , Гул Шералӣ, Ҳамрохон Зарифӣ ва Бобоҷон Бобохонов доир гардид. Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ин иқдомро амали саривақтӣ номида, таъкид намуданд, ки он барои муаррифӣ ва рушду нумуъи фарҳанги тоҷикон дар саросари ҷаҳон мусоидат хоҳад кард ва ба мардуми олам аз сериву пурӣ ва сулҳу салоҳи тоҷикон паём хоҳад расонд. Аз ҷумла, ин амал ба мардуми музофот шодиву хурсандии зиёд овард, чунончи, онҳо ба хотири ҷашнвораи “ҚУРУТОБ-2014” якуми апрел 10 дақиқа бештар барқ гирифтаанд. Инро ширкати “БАРҚИ ТОҶИК” низ таъйид кард ва ин амали хайрхоҳонаашро дар барномаи “Шабакаи аввал” -и телевизиони Тоҷикистон шарҳ дода, онро идомаи сиёсатҳои мантиқӣ ва хирадмандонаи Ҳукумати Тоҷикистон номид. Дар баробари ин, ширкати холдингӣ аз мардуми ноҳияҳо хоҳиш намудаст, ки барои ин амали воқеан ғамхорононаи “БАРҚИ ТОҶИК” аз Ҳукумати кишвар ШУКРОНА кунанд!

Аммо бинобар навиштаи ВАО-и мустақил ҷашнвораи байналмилалии “ҚУРУТОБ- 2014” миёни сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст, ки мо онҳоро мухтасар пешниҳоди хонандагон мегардонем:

Хадамоти алоқа ва Қурутоб- 2014

Бинобар баҳсҳои тезутунд дар шабакаҳои иҷтимоии “facebook”, “одноклассники”, “twitter” ва “youtube” оид ба ҷашнвораи “ҚУРУТОБ- 2014” Хадамоти Алоқа дастрасӣ ба ин шабакаҳоро дар Тоҷикистон масдуд кард. Бег Зуҳуров, роҳбари Хадамоти Алоқа, дар нишасти хабарӣ ин амалро ба корҳои техникӣ рабт дода гуфтааст, ки як магаси паразит ба дастгоҳи марказии Хадамоти Алоқа бархурдааст ва то бартараф шудани оқибатҳои он, дастрасӣ ба шабакаҳои мазкур номумкин мегардад. Ӯ дар идомаи суханонаш аз баҳори араб, ҳодисаҳои Украина, воқеаҳои Сурия, Ироқу Афғонистон ва ҳодисаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон ёдовар шуда, аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хостааст, баҳсҳои бемаъно накунанду одоби муоширатро риоя намоянд. Аммо дар посух ба он, ки баҳси ҷашнвораи “ҚУРУТОБ- 2014” дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин ҳодисаҳо чи рабт дорад, Бег Зуҳуров мушкилӣ кашид. “Назди ман ҷаноби Сукерберг омадааст, ман мехоҳам ӯро бо қурутоби бомазза зиёфат диҳам”, - гуфт алоқачии рақами яки кишвар ва толорро бо ҳамин баҳона тарк намуд.

Мухолифини абадан норозӣ боз эътироз карданд

Муҳиддин Кабирӣ ва Раҳматулло Зоиров барои бемаъно будани ҷашнвораи байналмилалии “ҚУРУТОБ- 2014” изҳорот дода, ин амалро маҳкум намуданд ва аз ҳамаи ҷонибдоронашон хоҳиш кардаанд, ки аз хӯрдани қурутоб даст бикашанд. Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик низ ба ин изҳорот ҳамроҳ шуда, аз ҷомеаи шаҳрвандӣ хоҳиш намудааст, ки дар ин масъала бетраф набошанд. Дар ҳамин ҳол, як гуруҳ занону мардон ба дафтарҳои кории ҲСДТ ва ҲНИТ ҳуҷум намуда, аз Кабриву Зоиров хостаанд, ки ба арзишҳои волои миллӣ, аз ҷумла қурутоб арҷ бигзоранд ва ба хотири сулҳу суботи кишвар мардумро аз қурутобхӯрӣ манъ накунанд. Шокирҷон Ҳакимов ва Ҳикматулло Сайфуллозода ба ҷавоби лафзӣ гузашта, ба онҳо посух додаанд. Занони ҳамлагар гуфтаанд, ки аз ин амали ноҷавонмардонаи онҳо ба додгоҳ неву, ба Агентии мубориза алайҳи фасод шикоят хоҳанд бурд.

Агенти мубориза бар зиди фасод мухолифинро ҳушдор дод

Агенти мубориза бар зидди фасод аз рӯи аризаи шикояти занони ҳамлагар нисбати Муҳиддин Кабирӣ ва Раҳматулло Зоиров парвандаи ҷиноӣ боз карда, нисбати онҳо оиди ба беэҳтиромӣ нисбати хӯроки муқаддаси миллӣ қурутоб айбнома эълон намуд. Ҳарчанд Шӯҳрат Қудратов, Фахриддин Зокиров ва Исҳоқ Табаров мегуянд, тамоми кодексу қонунҳои дунёро тагурӯ кардаанд, аммо ин амалро ҳамчун ҳаракати ҷиноӣ наёфтаанд. Дар посух роҳбарияти Агентӣ гуфтааст, онҳо қонунҳоро хуб намедонанд. “Дар дунё қонунҳое мавҷуданд, ки метавонанд дар як сония пайдо шаванд ва сонияи дигар нест шаванд”, - гуфтааст муфаттиши калони ин ниҳод. Бо такя ба қонунҳои сониявӣ роҳбарияти Агентӣ ба Шӯҳрат,Исҳоқ ва Фахриддин ҳушдор додааст, ки аз доираи ваколатҳои худ берун набароянд, чунки бо эҳтимоли қавӣ қонунҳои сониявӣ нисбати онҳо низ татбиқ хоҳанд шуд. Бо таъкиди ҳамин нукта, Агентӣ парвандаро ба додгоҳ ирсол кардааст.

Додгоҳи “Қурутоб-2014”: баррасии парванда зидди Кабирӣ ва Зоиров

Баъди чанд моҳи баррасии парвандаи ҷашнворавии “ҚУРУТОБ- 2014” Додгоҳи олии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва Раҳматулло Зоировро бар хилофи хоҳиши Агентӣ ҷарима карда онҳоро аз ҳабс шудан озод намудааст. Шарти озодии онҳо бар ин асос будааст, ки ҳардуи онҳо бояд дар ҳузури оммаи мардум аз ин хӯроки муқаддас узрхоҳӣ намуда, даҳ табақӣ қурутоб хӯранд ва ҳамзамон дар ҳузури халқ се бор “сад шукр, ҳазор шукр якуним миллион шукр” бигӯянд. Дар акси ҳол, онҳо ба муддати 26 сол равонаи зиндон шуда, молу мулки онҳо мусодира мегардад. Кабирӣ ва Зоиров гуфтаанд, ки баъди узурхоҳӣ ва хӯрдани қурутоб ба созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи байналмилалӣ аз рӯи ин ҳукми додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.

Чароғаки сабзи Маҷлиси Олӣ барои қурутоб

Ҳодисаи ба амаломада дар ҷашнвораи байналмилалли “ҚУРУТОБ- 2014” ва қазияи додгоҳӣ парлумони кишварро водор кард ки ҷаласаи ғайринавбатӣ ва фаврӣ доир кунад. Вакилон дар зарфи чоруним сония тамоми ҷузъиёти Қонуни ҶТ “Дар бораи Қурутоб ва истеъмоли он” – ро баррасӣ ва қабул карда, ба Кодекси ҷиноӣ низ тайироти лозимӣ ворид намудаанд. Дар ин қонун таъкид мешавад, ки монополия ва беэҳтиромӣ нисбати қурутоб ҷиноят буда минбаъд ҳар ошхонаи дар Тоҷикистон фаъолиятдошта қурутобро дар сархати феҳрасти таомҳояшон ҳамчун хӯроки якум нишон диҳанд, вагарна фаъолияташ мамнуъ хоҳад шуд. Инчунин дар қонуни мазкур таъкид шудааст, ки ошхонаҳои бузурги кишвар, ки бо тайёр намудани қурутоб машғуланд аз НДС озод карда мешаванд.

Қурутоб, каблук, галстук ва илму маориф

Вазорати маъориф ва илми кишвар аз талабаҳо ва донишҷӯён даъват кардааст, ки аз хӯрдани таъомҳои бегонаи аврупоӣ, ба монанди хот-дог, гамбургер, чизбургер, фри, “Питзо”, сендвич, шаурма, тантуни ва ғайра даст кашида, бештар хӯроки миллии қурутобро истеъмол намоянд. Вазири маориф гуфтааст, ин амали вазорат ба ҷашнвораи байналмилали “ҚУРУТОБ- 2014” бахшида шуда, пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Вазири собиқи маъориф Абдуҷаббор Раҳмонов бо пуштибонӣ аз ин қарори вазорат гуфтааст, донишҷӯдухтарон бояд бо пойафзоли каблукдор ва писарон бо костюму галстук қурутобро истеъмол намоянд.
-Ин бисёр кулай аст: бо каблук метавонӣ пои дугонаи пурхӯратро шикоф намоӣ ва бо галстук лабу даҳони равғанолудатро пок кунӣ, - шарҳ дод вазири собиқ.

Вазорати фарҳанг дар ҷустуҷӯи номи арзанда

Ҳукумати Тоҷикистон ба Кумитаи истилоҳот, Вазорати фарҳанг ва шоиру нависандагону зиёиён супориш додааст, ки барои иваз намудани номи қурутоб фикру андешаҳо ва хулосаҳояшонро ба ҳукумат пешниҳод кунанд. Вазорати фарҳанг “Қурутобшоҳ” пешниҳод намудааст, аммо зиёиён мегуянд,ки “Ҷаноби қурутоб” гӯем беҳтар. Вале Гавҳар Шарофзода гуфтааст, ки қурутоб номи зебои тоҷикӣ буда, иваз карданаш зарурат надорад. Сардори Кумитаи истилоҳот Шарифзода таъкид кардааст, ки ҳар нафаре, ки насабаш Қурутов ё Қурутова ҳаст, метавонад бо шеваи тоҷикии Қурутзода ё Қурутдухт иваз намояд. Ин баҳсҳо дар ҳоле сурат мегиранд, ки дар ҷаҳон вазъи ногувори геополитикӣ ва буҳрони сиёсӣ рӯз то рӯз печидатар мешавад.

Русия, Қрим, Украина ва ҚУРУТОБ- 2014


Ҷашнвораи байналмилалии “ҚУРУТОБ- 2014” дар ҳоле доир мегардад, ки Русия Қримро ҳамчун субъекти нав аз Украина гирифта ба қаламрави худаш ҳамроҳ кард. Бинобар хабарҳои расида, Виктор Янукович президенти фирории Украина дар ҷашнвораи байналмиллаии “ҚУРУТОБ- 2014” дар Маскав иштирок карда се табақ қурутобро хӯрда ба ҳукумати Тоҷикистон барои бетарафияш нисбати ҳаводиси Украина изҳори ташаккур кард. Ӯ ҳамчунин иброз намуд, ки бори аввал бо даст ва аз табақи чӯбин қурутоб мехурад ва нав огоҳ шудааст, ки бо даст хӯрдани хӯрок лаззати хос доштааст.
Дар робита ба ин хабар Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ҷашнвораи байналмиллалии “ҚУРУТОБ- 2014” як ҷашнвораи фарҳангӣ буда, он танҳо ба хотири таҳкими сулҳу дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмию бародарӣ созмон дода шудааст. Ӯ дар ҳузури хабарнигорони хориҷӣ иқрор кард, ки буҷаи солонаи кишвараш ба ҳамаи соҳаҳо, аз он ҷумла барои хариди шоҳбулути чандҳазордолларӣ ва чунин ҷашну идҳо мерасад.
-Дар Тоҷикистон касе аз аҳволи молиявии худ норозӣ нест. Ҳадди ақал, онҳое, ки ман мешиносам, изҳори қаноатмандӣ мекунанд.

Марати Кордчазан ва Қурутоб- 2014

Ба андешаи журналисти шинохта Марати Кордчазан, истеъмоли пайвастаи қурутоб шаҳрвандонро ба таҳаммулпазирӣ ва пурсабрӣ оварда мерасонад. Ӯ гуфтааст, ки бояд як созмони муштараки сохторҳои ҳукуматӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ доир ба масоили қурутоб ташкил карда шавад.
-Пеш аз ҳама, бояд аз қалби кишвар, яъне ресторанҳои хориҷӣ дар маркази пойтахт, ба хусус “MERVE”-и туркӣ оғоз намуд. Ба ҷои ин тарабхонаю ошхонаҳои хориҷии ба фарҳанги мо бегона, бояд қурутобхонаҳо бунёд гардад. Ба андешаи Марати Кордчазан, танҳо дар ин сурат мо метавонем аз таъомҳои миллиамон ифтихор дошта бошем.

Мӯҳр
дуругу
Э рут курут Далер кати хами маколаи навистагит.. Шухи рузи ханда муборак

ТОЧИК
ХАХАХАХАХАХАХАХ

Шухрат
Офарин! Дастатон дардро набинад ва каламатон аз инхам тезтар гардад. Дар хакикат матлаби хонданбоб.

ХОВАР
Хукумат тасмими гирифт ки дар 100 га замини шахри Душанбе калонтарин курутобхонаи чахон сохта байни устохо барои тарошидани калонтарин табаки чахон озмун эълон намуд. Барои ин аз буча маблаги муаяане, ки шохбулуту флагштока дар хайрат мемонад чудо шудаст

Дилсуз
Хай чи даркор хамин таъоми миллира масхара кардан. Ё хукуматро дигар мавзуъи масхараи наёфти журналистча!

Шакароб
Оличаноб! Дербоз чунин нахандидабудам. Зинда бош!

Курут
Курутоб дар хакикат таоми милли нест. Ин таоми мардуми мугул аст. Дар чойе, ки оши палов хаст мо набояд курутобро таргибу ташвик кунем. Хайр боки назари Шумо............

Шер
Курут рост мега ош ай худмунай курутой ай мугулохай....

Флеш моб
Бо дастгири хукумати мамлакат ва точикони мукимии мамлакатхои аврупову амрико Флеш -моб KURUTOB 2014 дар Парижу Люксенбург, Берлину Мадрид ва New York бо шахомати хоса ташкил гардида мехмононро дар болои курпача бо курутоб сахтакак сер карданд.)))

Андалеб
Хайр бубини, аллома Далер, лекин А.П. Чехов ро бо як нул зади, дер боз аз тахти дил хандида набудам ва дар рузи ханда расоям хандидем.

Точики бурунмарз
Офарин!
Э калам бурундадатар гарди зи тег

Рустам
А бача хастанда шерои наре, ки базехора дар як тин намехаранд. Гап сари Курутоб нест гап сари масхара як давлат мерава....

Далер, Офарин ба ин хакгуият. Дар тасбех,ат номи Абдучаббор Рахмоновро дида, як шикам хандидам. Хандаам аз он буд, ки дар ин масалат (хамин хел агар гуем) факат Каду намерасид. Абдучаббор Рахмонов курутобро бо каду дуст медорад. У мегуяд, ки каду хуроки шохон аст, аз ин ру уро Кадушох мегуянд.

Шӯхӣ низ ҳадду канор дорад. Бачаи почакандаи беаслу насаб! Ин қадар иддаои тезҳушию сухандонӣ мекунӣ, дар доираи ҳамон матлаби шӯхиомез ҳарф зан. Масоили марбут ба ҳукумату давлатдориро бо чӣ сабаб дохили ин мақолаи бемаънии худ мекунӣ? Озодагон чоп кун!

Бекор
Сатҳи навишти ин мақола ифодагари сатҳи тафаккури муаллифаш аст. Ин ҳамаро мешуд кӯтоҳ, фаҳмо ва ҷолиб рӯи коғаз овард.
Нуқтаи дигар он аст, ки аз ин мақола бӯи хусумати маҳалгароӣ меояд, ки барои журналист бахшиданӣ нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)