Созиши вазирони тоҷику қирғиз барои бунёди пулу роҳ
Ҳукумати Тоҷикистон ва Қирғизистон созишнома дар бораи бунёди ду пул ва роҳи автомобилгард дар қисмати наздимарзии ду кишвар ба имзо расондаанд.
Расонаҳои қирғиз аз қавли Тоқон Мамитов, ноиби сарвазири Қирғизистон хабар медиҳанд, ки созишномаи мазкур миёни вазири нақлиёти Тоҷикистон, Хайрулло Асозода ва ҳамтои қирғизаш Қанот Султонов, рӯзи 31-уми март имзо шудааст.
Мамитов таъкид намудааст, ки феълан тамоми гузаргоҳҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон тибқи реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд.
Марзбандӣ дар пайи тирпарронии 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифт. Таниш миёни марзбонон дар заминаи сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ аз ҷониби қирғизҳо дар қисмати баҳсбарангези марзӣ ба вуқуъ пайваст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |