Шаҳрдории Душанбе дигар аз сохтмончиён “доля” намегирад
Шаҳрдории Душанбе барои вусъати сохтмони биноҳои истиқоматии бисёрошёна дар пойтахт қарор кардааст, минбаъд аз бунёдкорони чунин биноҳо фоиз намегирад.
Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ мегӯяд, тибқи муқаррароти қаблӣ сохтмончиёни биноҳо фоизи муайяни хонаҳои истиқоматиро ройгон ба моликияти коммуналии шаҳри Душанбе месупориданд, ки акнун ин муқаррарот бекор шуд.
Аз ҷумла шаҳрдорӣ 14 шахсони воқеию ҳуқуқиро, ки дар минтақаи дуюми шаҳр сохтмон доранду бояд, 5% -и квартираҳои бунёдшавандаро тариқи ройгон ба тавозуни шаҳрдорӣ мегузаронданд, аз пардохти ин фоизҳо озод кардааст.
Ба иттилои манбаъ минбаъд зимни ҷудо кардани қитъаи замин сохтмончиёни иншооти баландошёна дар минтақаҳои дуюм ва сеюми Нақшаи генералӣ аз фоиз озод ва танҳо дар минтақаи якум 5% муқаррар карда мешавад.
Шаҳрдорӣ ҳадаф аз ин қарорро дастгирии соҳибкорӣ ва мусоидат барои ҷилавгирӣ аз гароншавии нархи хонаҳо дар Душанбе гуфтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |