Ирсоли аввалин ихтиёриён ба артиш дар мавсими баҳории 2014
Нахустин гуруҳи 50-нафарии ихтиёриён дар мавсими баҳории даъвати наваскарон-2014 аз шаҳри Хуҷанд рӯзи 2-юми апрел гусел мешаванд.
Дар ин бора ба “Озодагон” аз комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд хабар дода, афзуданд, ки дар назар аст, наваскарон ба қисмати ҷануби Тоҷикистон барои анҷоми хидмат дар артиш фиристода шаванд: “Тибқи нақша, имсол аз шаҳри Хуҷанд 160 нафар ҷавонони синни даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шаванд”.
Хотирнишон месозем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, рўзи 14-уми марти соли равон бо судури як Фармон даъват намудани шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1987-1996-ро барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, ки аз 1-уми апрел то 31-уми майи соли равон идома меёбад, эълон намуда буд.
Зимнан, бояд қайд кард, ки дар арафаи даъвати баҳорӣ раисҷумҳури Тоҷикистон аз комиссариатҳои ҳарбӣ даъват ба амал оварда буд, то аз «облава» – шеваи ҷалби базўрии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ, даст бикашанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |