Дар шаҳри Истамбули Туркия вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо ҳамтои қазоқаш Ержан Казихонов баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар чаҳорчӯби Созмони Ҳамкории Исломӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорати умури хориҷа ҷонибҳо мутобиқати ҳамоҳангсозии кӯшишҳои ҳарду кишварро дар асоси бисёрҷониба, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, савдо ва гуманитарӣ – дар чаҳорчӯби чунин ташкилотҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ, аз қабили СММ, САҲА, ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, СПАД ва СҲШ қайд намуданд.
Манбаъ афзуд, Ҳамрохон Зарифӣ ҳамчунин дар кори ҷаласаи оҷили Кумитаи иҷроияи Созмони Ҳамкории Исломӣ оид ба масъалаҳои кӯмак ба Сомалӣ дар робита ба бӯҳрони гуруснагӣ иштирок кард.Ҷаласаро нахуствазири Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ҳусни оғоз бахшид ва баъдан президенти Сомалӣ Шариф Шайх Аҳмад оид ба вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвараш маълумот дод.
Зимнан, пас аз нишасти мазкур мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири умури хориҷаи давлати Исломии Афғонистон Залмай Расул дар назар аст.{jathumbnail off}
Мӯҳр