Ҳалокати як кӯдаки заҳролудшуда дар ноҳияи Ашт
Самандар Султонови 10-сола, хонандаи синфи 3-юми мактаби рақами 30-и ҷамоати Шодоба, ки дар қатори 40 ҳамдеҳаи дигараш 23-юми март, зимни таҷлили Наврӯз аз хурдани консерви дастисохти помидору бодиринг заҳролуд шуда буд, бегоҳи рӯзи 28-уми март фавтидааст.
Ин хабарро ба “Озодагон” масъулини беморхонаи ноҳияи Ашт таъйид карда, афзуданд, ки Султонови 10-сола дар пайи фалаҷшавии узвҳои нафаскашӣ ҷон бохт.
Ба иттилои манбаъ феълан дар беморхонаи марказии ноҳия ҳудуди 40 нафар аз ҷумла 3 тан - 2 нафар кӯдак ва 1 нафар калонсол дар шуъбаи эҳё 38 нафар дар шуъбаи бемориҳои сироятии беморхона бо табобат фаро гирифта шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки санаи 28-уми октябри соли 2012 дар ноҳияи Зафаробод низ чунин ҳодиса ба амал омада буд. Дар рўзи маъракаи оилавии хонадони Назировҳо меҳмонон ҷамъ омада, аз омехтаи помидору бодиринг ва карами консервшуда истеъмол намуда, ба бемории ба ном «ботулизм» гирифтор шуда буданд.
Баъдан, рўзи 30-юми октябри соли 2012 бо аломатҳои ин беморӣ сокини ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод Мастура Назироваи 31-сола дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ гардид ва баъдан ба ҳалокат расид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |