АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз пахши хабар дар бораи “пулҷамъкунӣ ба пешвози президент”
Ҳумайрои БАХТИЁР
Баъд аз зӯҳри 31-уми март, гурӯҳе аз намояндагони ҳукумат, вакилони маҳаллӣ ва сокинони Файзобод бо нишони эътироз аз пахши хабар дар мавриди “пулҷамъкунӣ барои пешвози президент дар Файзобод” назди бинои Маҷмааи табъу нашр (ГЖК) дар Душанбе ҷамъ омаданд.
Сайбӣ Раҷабова, муовини раиси ноҳияи Файзобод дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки хабари мазкур ҳеч асоси ваоқеӣ надошта, касе дар арафаи боздиди президент –Эмомалӣ Раҳмон аз ин ноҳия аз сокинон пул ҷамъ накардааст: “Мо вақте ин хабарро дидем, як ҷаласа баргузор намудем. Ин хел овозаҳо набуд, ки маблағ ҷамъ карда кореро анҷом бидиҳанд. Ҳар як сокини маҳаллӣ вазифадор аст, ки дари хонаи худашро сафед кунад, тоза кунад, обод кунад. Барои ободиву зебоии диёраш ин корро анҷом додан лозим. Аммо махсус барои омадани ҷаноби олӣ маблағ ҷамъ карда истодаанду, кори махсус бошад, ҳамаи ин гапҳо бардурӯғанд.”