Нашри аксҳои Гулнора Каримова аз ҳабси хонагӣ

Гулнора Каримова, духтари бузурги раисиҷумҳури Узбакистон, ки дар ҳабси хонагӣ қарор дорад, бо нашри аксҳояш гуфтааст, фишорҳо болои ӯ ва духтари 15-солааш афзоиш меёбанд.
Аксҳои духтари раисиҷумҳури Узбакистон дар хабаргузории Uznews.net нашр шудаанд, ки хонум Каримова дар як ҳолати хеле бад аксбардорӣ шудааст. Манбаъ мегӯяд, ин аксҳоро Каримова тавассути як манбаи муътамади худ ба оҷонсӣ фиристодааст. Тибқи иттилои Uznews.net, Гулнора Каримов, дар шарҳи аксҳояш навиштааст, “Кумитаи давлатии амнияти миллии Узбакистон тамоми афроде, ки мехоҳанд, ба ману духтарам кумак кунанду наздикии хонаам, мешаванд, боздошт мекунад.”
Ба гуфтаи Uznews.net, чанд рӯзи қабл дар наздикии хонаи духтари раисиҷумҳури Узбакистон Гулноза Хоҷаева, донишҷӯйи Донишгоҳи иқтисодии шаҳри Тошканд ва собиқ корманди Бунёди форум аз сӯи маъмурини амният боздошт ва ба боздоштгоҳи муваққатии кумита интиқол дода шуд, ки беш аз 5 соат мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст.
Духтари 41-солаи раисиҷумҳури Узбакистон ҳамроҳ бо духтари 15-солааш беш аз 40 рӯз мешавад, дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. Маъмурини Кумитаи амнияти Узбакистон рӯзи 17 феврали соли ҷорӣ ба хонаи хонум Каримова “ҳамла” карда, тамоми афроди наздики ӯ, аз ҷумла ҳамсарашро, ки онҷо ҳузур доштанд, боздошт намуда, бо худ бурда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |