Баҳси додгоҳӣ алайҳи Зоиров 7-уми апрел оғоз мешавад
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, бо аризаи даъвогии хонаводаи маҳбус Маҳмадраҳим Саидов, ки ӯро дар дурӯғгӯӣ муттаҳам мекунанд, шинос шудааст.
Зоиров дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт нахустин мурофиаи даъвои хонаводаи Саидовро нисбати ӯ рӯзи 7-уми март соати 10:00 таъин кардааст: “Ман бо аризаашон шинос шудам ва худам аризаи мутақобила дорам, ки пешниҳод хоҳам кард. Инчунин баъзе эродҳои дигар дорам, ки ба зудӣ онҳоро нашр мекунам.”
Мавлудҷон Салихов, вакили мудофеи хонаводаи Саидовҳо, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, имрӯз, 31-уми март дар додгоҳи Сино шиносоии ҷонибҳо бо парванда гузашт. Қаблан хонаводаи Маҳмадраҳим Саидов, маҳбуси зиндони рақами 1-и Душанбе, бо ирсоли аризае ба Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт Зоировро ба пахши ахбори гӯиё бардурӯғ муттаҳам дониста, 10 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ хостанд.
Салихов мегӯяд, ин ариза аз номи Сафаралӣ Саидов, бародари Маҳмадраҳим, навишта шуда, ӯ инчунин аз додгоҳ хостааст, барояшон 1,5 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари моддӣ, ки дар пайи нашри ин хабар бардоштаанд, бирӯёнад. Ӯ дар аризаи даъвогӣ аз ҷумла навиштааст, “ҳамсару духтараш ва ман аз шунидани ин маълумот азоби рӯҳӣ кашидем. Ҳамон замон барфи сахт борида буд ва роҳкиро аз Ҳамадонӣ то Душанбе хеле гарон шуда буд. Ман ва се хешамон як таксиро гирифта, ба Душанбе омадем. Баъди омадан бо бародарам ҳамсуҳбат шуда дидам, ки ҳамаи маълумот дурӯғ будааст ва ӯ изҳор дошт, ки саломатиаш хуб аст.”
Раҳматилло Зоиров, раиси Консорсиюми юридикӣ, ки раҳбарии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро низ бар ӯҳда дорад, рӯзи 6 феврали соли ҷорӣ дар саҳифаи Фейсбукаш навишт, бино ба хабарҳое, ки дарёфт кардааст, гӯиё Маҳмадраҳим Саидов дар утоқи ҷаримавии маҳбаси рақами 1 фавтидааст. Зоиров гуфта буд, Маҳмадраҳим зодаи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон буда, яке аз шоҳидони марги Ҳамза Икромзода ба ҳисоб меравад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |