Русия мехоҳад, квота барои муҳоҷиронро бекор кунад
Ҳукумати Русия дар пайи сода намудани низоми будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави кишвараш, тасмим дорад, квота барои муҳоҷирони кориро аз байн барад.
Тибқи иттилои расонаҳои русӣ, квота барои муҳоҷирони кории кишварҳое бекор карда мешавад, ки бо Русия низоми раводид надоранд. Комиссияи ҳукуматии Русия оид ба умури муҳоҷират аз ин пешниҳод ҳангоми ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи “ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия” ҷонибдорӣ кардааст.
Бар асоси тағйиру иловаҳои воридшуда ба қонуни мазкури Русия, аз ин ба баъд, ширкат ва соҳибкорони инфиродӣ дар асоси патент, ба муҳлати аз 1 то 3 моҳ метавонанд, шаҳрвандони хориҷиро ба кор гиранд. Инчунин имкони тамдиди ин муҳлат то як сол низ ҳаст. Манбаъ мегӯяд, арзиши патент вобаста ба минтақа ва ноҳияҳо буда, меъёри ҳадди ақалли он ҳазору 500 рубли русиро ташкил хощад дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |