Боз шудани бархе гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон бо Қирғизистон
Қирғизистон бархе гузаргоҳҳои марзии худ бо Тоҷикистонро, ки дар пайи тирпаронии 11 январи соли ҷорӣ миёни сарбозони ду кишвар якҷониба баста буд, боз кардааст.
Як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд дар суҳбат бо “Озодагон” ин хабарро таъйид карда, гуфт, сар аз имрӯз 31 март гузаргоҳҳои марзии кишвар бо Қирғизистон, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боз карда шудаанд. Ба қавли манбаъ, гузаргоҳи марзии “Гулистон”-и ноҳияи Исфара, ҳаммарзи ноҳияи Бодканди Қирғизистон фардо 1 апрел боз хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки Тоқон Мамитов, иҷрокунандаи вазифаи муовини сарвазири Қирғизистон ахиран гуфта буд, кишвараш дар рӯзҳо наздик бархе гузаргоҳҳои марзияш бо Тоҷикистонро боз мекунад. Мамитов гуфта буд, ду гузаргоҳи марзии ноҳияи Лайлаки кишвараш,боз шуда, гузаргоҳи “Кизил-Бел”-и ноҳияи Бодканд, ҳаммарз бо ноҳияи Исфара, дар пайи дархости сокинони ин минтақа масдуд боқӣ мемонад: “Сокинони ноҳияи Бодканд талаб доранд, то анҷоми аломатгузории хатти марз бо Тоҷикистон ин гузаргоҳ кушода нашавад ва албатта аз ин қазия ҷониби Тоҷикистон низ огоҳ ва розиянд, чун моро хуб дарк мекунанд.”
Иҷрокунандаи вазифаи муовини сарвазири Қирғизистон афзудааст, ки дар пайи тирпаронии 11 январи соли ҷорӣ миёни сарҳадбонони ду кишвар аз 5 гузаргоҳи марзӣ танҳо ҳамин се тоаш комилан масдуд шуда буданд. Ӯ мегӯяд, гузаргоҳҳои марзии “Бор-Добо” ва "Карамик”-и кишвараш воқеъ дар минтақаи ҳаммарзи ноҳияи Ҷергатол ва Вилояти Бадахшони Тоҷикистон қисман боз буда, тавассути онҳо мошинҳои марбут ба неруҳои низомии хориҷӣ дар Афғонистон ва мошинҳои ҳомили масолеҳи сохтмонии ширкатҳои Чин барои убур иҷоза дода мешаванд ва инчунин донишҷӯёни Тоҷикистону Қирғизистон низ тавассути ин гузаргоҳҳо метавонанд, ба кишварҳои якдигар сафар кунанд, чун бар асоси қарордоди байналмилалӣ ба ин Қирғизистон вазифадор мебошад.
11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон задухурди мусаллаҳона ба миён омада буд. Мақомоти Бишкек бо вуҷуди дар қаламрави Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара сурат гирифтани ин ҳодиса сарбозони тоҷикро муттаҳам карда, марзи худ бо Тоҷикистонро ба таври якҷониба баста буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |