Бахшҳо

Эмомалӣ Раҳмон дар баландтарин сутун дар Суғд парчам мебардорад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аввали моҳи апрел бо як сафари корӣ аз вилояти Суғд дидан мекунад.

Дар ин бора ба “Озодагон” як манбаъ хабар дода, афзуд, дар назар аст, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бардоштани парчам дар сутуни 55-метрӣ, ки баландтарин дар Суғд аст, иштирок мекунад.

Санги асоси сутуни 55-метрии парчами Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд моҳи декабри соли 2013 гузошта шуда буд. Тавре дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ дод, макони ин парчам воқеъ дар назди ҳукумати вилояти Суғд буда, лоиҳаи онро ширкати «Суғдшаҳрофар» омода намудааст.

Ба иттилои масъулини Суғд дар оянда дар ин минтақа боғи Парчами миллии Тоҷикистон ва дар шафати он Боғи устод Рӯдакӣ бунёд карда мешавад. Абдураҳмон Қодирӣ, раиси Суғд зимни гузоштани санги асос, таъкид карда буд, ки ин мавзеъ ба макони зебои истироҳатии шаҳрвандон табдил дода хоҳад шуд: “Он чун рамзи соҳибистиқлолии кишвар ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ бунёд карда мешавад”.

Ин дар ҳолест, ки дар маркази Душанбе сутуни 165-метрии парчами миллӣ бунёд ёфта, моҳи августи соли 2011 ба китоби рекордҳои Гиннес низ шомил шуда буд. Ин сутуни парчами миллӣ дар канори Кохи Миллат бунёд шудааст.

Оғози сохтмони пояи сутуни парчами Тоҷикистон ҳанӯз аз моҳи ноябри соли 2010 сар шуда, онро кормандони ширкатҳои ватании “Алюминбинокор” ва амрикоии "Trident Support" сохтанд. Сутуни мазкур аслан аз оҳан сохта шуд, ранги сафед дорад, ки ҳам дар шаб ва ҳам дар рӯз аз масофаи дур дида мешавад. Дарозии матои ин парчам 60 ва бари он 30 метрро ташкил медиҳад.
Мӯҳр
Мухочирон бошад боз аз ин баландтар хохад шуд....

Дар хона гарди орд несту парчами балантарин гуфта гаштем! Ту барои ман кори ба маоши баланд дех! Ту ба ман барку газ дех ! Чаро ШУМО чанобони бе чаноб дар фикри мардум нестен? Чаро дар фикри ояндаи худ, ояндандаи мардум, мардуме, ки зиёда 2-миллион дар гарибианд, нестед?

ba kulob kai merafta boshad janobi oli???

Бунёдчон
Боз 4 руз аст талабахои мактабро дар зери парчам катор карда, барои пешвози Э.Р таёр карда ИСТОДААНД. Ээ гап бисёр...

Бунёдчон,
холи мусичаву чумчук дар хоб, лекин духтару писаро дар лаби кучаву роххои мегузаштагии.

цирк
безор шудем аз масхарабози

рахим
Байрак
Иброхим кодири ба чои хамин байрак сози як Истаравшанба меомади кучахои шахрба чарх мезади ягонта рахи дуруста намебини охирон хамун вакт шуравиба асфалти кардагиш баъд аз истиклол факат чукурчахоя бо хок мепушонанд ин пулхойи хангуфти ки аз тарафи точирхо андоз месупуранд кучо меравад?

Иброхим кодири ба чои хамин байрак сози як Истаравшанба меомади кучахои шахрба чарх мезади ягонта рахи дуруста намебини охирон хамун вакт шуравиба асфалти кардагиш баъд аз истиклол факат чукурчахоя бо хок мепушонанд ин пулхойи хангуфти ки аз тарафи точирхо андоз месупуранд кучо меравад?

Миллата бз гардондиян охи да ....Рости фикр мекни хайрон мешай

Байрак
Парчами баланди 1000 метра даркор нест,
Эй бародар мухочирона ба Ватан биёр.

лагандбардорхои Хучанд ба президент чунин мурочиат кардагиян:; мухтарам Чаноби Оли хоки поятон мояндахам якта аз хамун парчамои баландаш месохтед , ачиб хурсанд мешудимда!!!!!!бисер хандаовар !!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)