Ваъдаи Вансюан барои ҳимоят аз таҳкими истиқлолияти Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 31-уми март дар мулоқот бо вазири мудофиаи Чин, Чан Вансюан масоили густариши ҳамкориҳои ҳарбию техникиро баррасӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон давлати Чинро «ҳамсояи наку, дӯсти содиқ ва шарики боэътимоди Тоҷикистон» номида, аз таҳким ва густариши ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба бо он, аз ҷумла дар самти мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир мисли терроризму экстремизм истиқбол намудааст.
Ба иттилои манбаъ Чан Вансюан ба раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуд, ки соли равон барои рушди ҳамкории бисёрпаҳлу дар доираи ин созмон пурсамар хоҳад буд: “Ҷумҳурии Мардумии Чин минбаъд низ аз таҳкими истиқлоли давлатии Тоҷикистон, тақвияти қудрати дифоӣ ва омодагии зиддитеррористии он пайваста дастгирӣ хоҳад кард”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар мулоқот, ҳамчунин доир ба авзои минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла ҳолати кунунию дурнамои Афғонистон ва пурзӯр намудани ҳифзи марзи тӯлонии Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсоя гуфтугӯй сурат гирифт.
Чан Вансюан бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар ҳамоиши навбатии вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дорад. Интизор меравад, ки ӯ 1-2-юми апрел ҳамоиши навбатии вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шимоли Тоҷикистон иштирок кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |