Шералӣ Мирзо: Чин боэътимодтарин шарики Тоҷикистон аст!
Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон бо Чан Вансюан, вазири мудофиаи Чин, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, мулоқот намуда, ҳамкориҳои артиши ду кишварро мавриди баррасӣ қарор додааст.
Шералӣ Мирзо Чинро боэътимодтарин шарики Тоҷикистон хонда, афзудааст, дар масъалаи амнияти минтақа таҳаввулоти мураккаб сурат гирифта истодаанд ва бинобар ин зарур аст, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар умури амният боз густариш ёбанд.
Чан Вансюан ҳамкорӣ миёни артишҳои Чину Тоҷикистонро ҷузъи муҳими муносиботи ду кишвар хонда, илова намудааст, ки ҳамкорӣ дар мубориза бо “се нерӯи бадӣ”-терроризм, сепаратизм ва эстремизм натиҷаҳои мусбат додааст.
Вазири дифои Чин бо зикри зарурати ҳамкории бештари дуҷониба таъкид намудааст, ки кишвараш омодааст, минбаъд низ барои бунёдкориҳо дар артиши Тоҷикистон саҳмгузор бошад. Маврид ба зикр аст, ки феълан бо маблағи 12 миллион доллари ихтисосдодаи Чин дар Душанбе хонаи афсарон бунёд шуда истодааст.
Дар доираи сафари кории Ван Сюан инчунин имрӯз, 31-уми март мулоқоти ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар назар аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |