Туркия шиносномаи хориҷии Фатҳулло Гюленро бекор кард
Мақомоти Туркия шиносномаи хориҷии Фатҳулло Гюленро, ки барои сафар ба Иёлоти муттаҳидаи Амрико истифода кардааст, лағв кард. Дар ин бора агенти Anadolu хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, шиносномаи мазкурро мақомоти вилояти Эрзерум, ки соли 1999 онро ба Гюлен дода буд, бекор кардааст.
Ҳоло маълум нест, ин кор ҳузури Гюленро дар Амрико то чӣ ҳад мушкил мекунад,-мегуяд манбаъ.
Фатҳулло Гюлен соли 1999 ба ИМА рафт. Баъди ин алайҳи ӯ парванда боз шуд, аммо соли 2008 додгоҳ ӯро сафед кард.
Мақомоти Туркия ҳоло ҷонибдорони Гюленро дар ташкили “давлат дар дохили давлат” бо роҳи ворид шудан ба низомҳои пулис ва додгоҳии ин кишвар муттаҳам мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |