Масъулини кумитаи дини назди ҳукумати вилояти Суғд мегӯянд, имсол ҳудуди 1422 нафар зоирин ба зиёрати хонаи Худо хоҳанд рафт.
Зимнан, маъракаи омода кардани санаду ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар 18 шаҳру навоҳии шимоли кишвар идома дорад. Маҳкамбой Миркамолов, як масъули кумитаи дини вилоят бо тайиди ин хабар ба «Озодагон» гуфт, харҷи сафари ҳаҷ имсол барои зоирин 3446 доллари амрикоӣ муқаррар шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар соли гузаштаи 2011 роҳхарҷӣ ва кулли масрафоти сафари хонаи Худо барои зоирин 3191 долларро ташкил медод.
Манбаъ мегӯяд, имсол маблағи зоирин барои сафарро шӯъбаи «Ориёнбонк» қабул мекунад, соли гузашта бошад, ин амалиёт тавассути бонки давлатии «Амонатбонк» роҳандозӣ гардида буд. Масъулони кумитаи дин боло рафтани арзиши сафари ҳаҷро дар муқоиса бар соли 2010 ба афзойиши маводи сӯзишворӣ дар имсол арзёбӣ мекунанд. {jathumbnail off}
Мӯҳр