Шанбе, 1 Марта 2025
САДО: Кабирӣ дар бораи Қрим, толибон ва дарс ба ҳукуматдорони тоҷик

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар доираи сафараш ба Русия бо радиои “Голос Россия” дар мавриди Қрим, вазъи Осиёи Миёна баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО, интихоботи парлумонии соли 2015 дар Тоҷикистон ва имконоти ҳамкорӣ бо Русия изҳори назар кардааст.
Кабирӣ изҳор доштааст, ки масъалаи ҳамапурсӣ дар Қрим аз нигоҳи меъёрҳои байналмилалӣ баъзе норӯшаниҳо дорад, аммо феълан факт он аст, ки Қрим ба ҳайати Русия ворид шуд. Раиси ҲНИТ махсусан аз вазъи тоторҳои Қрим изҳори нигаронӣ кардааст.
Дар мавриди ҳамкорию ҳамгироӣ бо Русия Кабирӣ таъкид намудааст, ки Тоҷикистон ягона кишварест, ки ҳам ҳукумат ва ҳам мухолифин ҷонибдори густариши ҳамгироӣ бо ин кишваранд, чун ин ба нафъи халк аст.
Муҳиддин Кабирӣ дар посух ба суол оиди интихоботи парлумонии соли 2015 дар Тоҷикистон афзудааст, ки ҳаводиси Украина ва нооромиҳои кишварҳои дигар бояд барои мақомоти тоҷик ибрат шаванд ва барои ҷилавгирӣ аз чунин қазияҳо интихобот бояд шаффофтар гузаранд. Ӯ аз гузориши бархе таҳлилгарон зикр кардааст, ки Осиёи Миёнаро аз ҷумлаи минтақаҳои эҳтимолии нооромиҳо хонданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |