Зоиров: Ҳукумат аз аҳзобе, ки ҳақиқатро мегӯянд, тарс дорад
Алайҳи ду ҳизби мухолифе, ки дар Тоҷикистон нисбати дигар аҳзоб дар ҷомеа мақоми бештаре доранд беш аз як сол аст, ки ҳамлаҳои иттилоотӣ сурат мегиранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ин ҳизбҳо дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шудаанд ва дар чаҳорчӯби қонун амал мекунанд. Ахиран дар саҳифаҳои иҷтимоии шабакаи Интернет филме бо унвони “Дар сояи мунофиқони ҲНИТ” пахш шуд, ки идомаи ҳамин гирудори иттилоотист. Бо таваҷҷуҳ ба ин “Озодагон” аз коршиносон чунин суол кард, ки шояд аз баҳри аҳзоби мухолиф гузарем?
Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ
Ба ин ду сабаби асосӣ ҷой дорад. Як сабабаш ин тарс бошад, дувум сабабаш писанд накардани қонун дар ҷумҳурӣ аст. Дар ҳақиқат ҳукумати имрӯза аз ҳар ҳизбе, ки камтар гапи ҳақро мезанад, тарс дорад. Аз аҳзобе, ки камбудиҳоро кушода метавонанду худро мухолиф унвон мекунанд, тарсашон зиёд аст. Дигар ин, ки ҳокимияти иҷроия пурра аз иҷрои қонун берун аст, парлумон ҳам аз болои он назорат карда наметавонад. Бадбахтии мо дар он аст, ки он ҳукуматдорони қонунвайронкунанда ҳеч вақт дар чорчубаи қонун ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд. Онҳо аз ҷавобгарӣ озоданд ва ин алакай ба сиёсати давлатӣ табдил шудааст.
Абдураҳмон Хонов, вакили парлумон
Низоми демократиро бе ҳизбу ҳаракатҳои мухталифи сиёсӣ тасавур кардан номумкин аст. Дар шароити имрӯза мо ба он ҳизбҳои сиёсие зарурат дорем, ки орӣ аз назарияпардозии хушку холӣ буда, ба амалӣ намудани барномаҳои мақсадҳои гуногунҷанба дар пешрафти ҷомеа, рушду тарақиёти кишвар ва ноил гардидан ба ормонҳои миллат саъю талош намоянд. Ҳизбхои сиёсие, ки танҳо бо шиорпартоиҳо ва суханпардозиҳо ба майдони мубориза меоянд, ноком хоҳанд гашт. Зеро фарҳанги сиёсии мардум рушд намудаву ба ҳама падидаву руйдодҳои сиёсӣ баҳои воқеӣ дода мешавад. Шитобкориву ҳаваси ҳарчи зудтар ба қудрат расидани ҳизбҳои сиёсӣ онҳоро ба ҳадди ифрот ва ҷиноят бурда дар назари мардум манфур мегардонад, ки ин сиёҳии худро дар марҳалаи хело тӯлонӣ ҳам наметавонанд зудуда намоянд. Зеро ин гунна ҳизбҳо дар зеҳни мардум ҳамчун ҳизби бадкору зишт боқӣ мемонанд. Рақобати солими ҳизбҳои мухталиф дар фазои сиёсии кишвар омили муҳимтарини рушди босуботи Тоҷикистон аст. Ҳизбҳои сиёсие, ки имрӯз даъвои дахолат ва монеъаэҷодкунии мақомоти давлатиро дар фаъолияташон доранд, иштибоҳ мекунанд. Имрӯз баръакс давлату ҳукумати кишвар дар асоси қонунгузорӣ ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ шароити муносиберо барои ташаккули ҳизбҳо ва иштироки онҳо дар маъракаҳои сиёсӣ фароҳам оварда истодааст, ки оиди ин мисолҳои хело зиёд метавон овард. Шикояти ҳизбҳо аз мушкилии пешомада далели заифӣ ва камэътибории онҳо миёни мардум аст. Ҳукумат ва ҳизби ғолиб дар низоми демократӣ ба оппозитсияи пурқуввату аз ҷиҳати ғоявӣ пешқадам ниёз дорад, ки маҳз чунин оппозитсия онро ҳушёру масъулиятшинос мекунад. Давлати демократие, ки аз пешрафт истиқбол мекунад, агар чунин оппозитсия надошта бошад, бояд онро ба вуҷуд оварад. Опозитсияи тавоное, ки дар рақобати солими сиёсӣ аст, ба гунаи мисол оинаест, ки чеҳраи воқеии ҳукуматро нишон медиҳад. Агар ин ин оинаро пора пора ҳам кунанд, ҳар як пораи он чеҳраи ҳукуматро дар алоҳидагӣ нишон медиҳад. Яккаҳизбӣ давлатро ба фориғболиву карахтӣ мебарад, ки оқибати он шикасти давлат аст. Гарчанде ҳизб масъулиятшиносу мардумӣ хам бошад. Намунаи онро аз Ҳизби коммунистии собқк Иттиҳоди Шуравӣ метавон мисол овард. Эътирозу вокуниши ҳизбҳо, ки иддаояшон монеаэҷодкунии мақомоти давлатӣ ва ёҳхизби пирӯзи ҳукумат гуиё бошад, дар марҳалаи кунунӣ дар Тоҷикистон баҳонае беш нест.
Меҳмоншоҳ Шарифзода, донишманд
Фикр мекунам ин мушкилоти ҳизби ҳоким ва мақомот аст, ки мутассифона аз уҳдаи ташкили фазои солими сиёсӣ набаромаданд. Зеро дар худ он маҳдудиятҳо ва маризиҳои таърихии солҳои 90 -умро натавонистанд шинохтан, табобат кардан ва худро ба сатҳи роҳбари воқеии мардум расонидан. Дар дунёи мураккаби имрӯз вақте ҳизби ҳоким ба худ бовар надошта бошад ва натавонад фазои гуфтугуи солимро бо ҳизбҳои сиёсии дигар ва бо мардум ташкил кунад сахт хатарзост. Ин қисмате аз падидаи аҷиби Тоҷикистон аст, ки ‘сиёсати зидди сиёсат’ (politics of anti-politics) номида мешавад. Сиёсати ‘зидди сиёсат’ дар Тоҷикистон ин равандест, ки аз солҳои аввали баъди сулҳи Тоҷикон аз худ дарак дод ва ин сиёсатест, ки мардумро аз фарҳанги сиёсӣ (шинохти худ, воқеияти худ, ҳаққу ҳуқуқи худ, доштани бехатарии иҷтимои ва вуҷудӣ...) доштан дур мекунад. Ин сиёсатест, ки ба шикасти фардият ва инсони огоҳ мебарад заминаи аслии истеҳсоли Ҷумшудҳост ва Суҳроб Шарифови гиромӣ хато мекунад вақте Путинро гунаҳгор карданӣ мешавад, намедонад ки ин ҷумшудҳо аслан ин ҷо истеҳсол карда мешаванд ва инро ба осонӣ дар симои мардону занҳое, ки ба маҷлисҳои ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ҳар дафъа хуҷум мекунанд дидан мумкин аст. Инкори дигарандешии сиёсӣ, инкори мухолифини сиёсӣ ва ба душман табдил додани онҳо қисмате аз ин раванди ‘сиёсати зидди сиёсат’ мебошанд. Ин ҳама ташвиқотҳои зиёд дар бораи ваҳдат, ягонагӣ ва истиқлол вале кӯшиш накардан барои амалӣ кардани ин идеяҳо ва ормонҳо, ташвиқот ва амалҳо муқобили Ҳизби Наҳзати Исломӣ, тохтутозҳои мардуми кучаву бозор муқобили ҳизби Сотсиал Демократӣ ва Наҳзат намунаҳои каме аз ин ‘сиёсати зидди сиёсат’ дар Тоҷикистонанд.
Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ
Вақте маъракаҳои интихоботӣ наздик мешаванд, ингуна ҳаводис зудтар рӯй медиҳад хусусан алайҳи он ҳизбе, ки медонанд нуфузу маҳбубият дорад. Чун мебинанд ягон айби ҷиддӣ алайҳи ҳизб намеёбанд, ба тӯҳматҳои бедалел руй меоранд он ҳам аз номҳои мустаъор дар ВАО. Вале чун дар бархе хабаргузориҳои расмии ҳукумат ҳам ин чизҳо руй медиҳад, ин баёнгари он аст, ки ҳамаи инҳо аз як сарчашма маншаъ мегиранд ва барномарезишудаанд. Ҳамаи инҳо поин овардани маҳбубияти ҲНИТ аст, ки таъминкунандаи сулҳ мебошад. Ин корҳо ба поймол кардани бандҳои созишномаи сулҳ равона шудааст. Ин корҳо аз соли 2010 ба ин сӯ шуруъ шуда ва протоколи 32-20 гувоҳи он мебошад. Касе, ки ба ин корҳо даст мезанад душмани сулҳу суботи кишвар аст, барои ҳамин мо то имрӯз ба ин корҳо даст назадаем. Дар ҳоле, ки агар мо ҳам ба ин корҳо даст бизанем, ба айбҷуиҳои сохтаву бофта руй намеорем. Агар ин корҳо давом ёбад, ин барои мо ҳам муҷаввиз мешавад, ки ба ин корҳо даст бизанем.
Алӣ Мастов, коршиноси масоили сиёсӣ
Агар ҳақиқати воқеиро бигӯям, ростӣ намедонам чаро фишор болои аҳзоби сиёсӣ мухолиф сурат мегирад. Дурусттар назар андозему таҳлил кунем, маълум мешавад, ки аз ин ҳизбҳо чизе вобаста нест. Чунки дар шароити имрузаи кишвар, онҳо дар чорчӯби оинномаҳояшон ҳатто ягон имконият ва зарфияти амалӣ кардани барномаҳои худро надоранд. Вуҷуди аҳзоби мухолиф дар кишварҳои демократӣ, пеш аз ҳама низоми назорат дар қиболи ҳизби ҳокимро фароҳам мекунад ва хатоиву иштибоҳи қудратмандонро фош месозад. Инчунин, барои рафъи камбудиҳои ҳизби ҳоким роҳ мекушояд, ки ин сабаби бевоситаи пешравии кишвар мебошад. Маврид ба тазаккур аст, ки ин яке аз манфиатҳои низоми бисёрҳизбӣ дар ҷомеъа мебошад ва бисёрҳизбӣ рақобати солими сиёсиро дар мамлакат таъмин мекунад. Ҷое, ки рақобат ҳаст, назму низом таъмин аст. Мо дар бораи он ки низоми яккаҳизбӣ дар даврони СССР (ИҶШС) ба чӣ оварда расонид, огоҳии хуб дорем.
Саидҷаъфар Исмонов, раиси ҲДТ
Бояд муайян кард, ки ин корҳо аз куҷову аз сӯи кист. Дар қароргоҳи кадом ҳизбе, ки набошад. Ҳеч имкон надорад, ки каси дигаре омада ба маҳфили онҳо дахолат кунад. Инки касе аз кӯча ё аз ягон сохтор омада маҷлиси қароргоҳро бар ҳам занад, ман маҳкум мекунам. Вале ин чиз ғайриимкон аст. Сохторҳои ҳуқуқӣ бояд инро таҳлил кунанд. Ҳодисаи руйдода болои ҲСДТ, болои ҲНИТ ҳам дар Кӯлоб руй дода буд. Дар дохили ҳар як ҳизб қувваҳое ҳастанд, ки дахолат мекунанд. Дар мо ҳам ин воқеаҳо дар қароргоҳи Суғд руй дода буд, ки ба қароргоҳамон даромада худро демократ мегирифтанд.
Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҲСТ
Вақте воқеаҳои руйдода бар сари ҲСДТ-ро мехонем, ки гуё аз тарафи ҳукумати ҷумҳурӣ бар сари онҳо фишор омадаст, ба андеша фурӯ меравем, ки агар ҳукуматиҳо ин корро карда бошанд, мо дарк мекунем, ки ин ҳақиқатан зӯроварӣ аст. Вале бар сари ман ин чиз аст, ки он гурӯҳҳои барҳамзанандаи маҷлисҳояшон шояд кори ташкилкардаи худи онҳо бошад, то ба ин восита обрӯву эътибори худро ба вуҷуд оранд. Ман дар ин чанд соле, ки раҳбари ҳизб ҳастам, ягон вақт зӯровариро аз ҷониби ҳукумат надидам. Вале баъзе мухолифатҳо байни мову ҳукумат бар сари барномаҳоямон вуҷуд дорад, ки вай мумкин мухолифати ҳукумат бошад. Мо аввал бояд муайян кунем, ки кори кист? Гурӯҳҳои алоҳида ё ҳукуматӣ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |