Чаро доллар дар Тоҷикистон камёфт шудааст?
Сиёвуш Қосимзода
Бо вуҷуди ҳушдори Бонки миллии Тоҷикистон, саррофони нуқтаҳои мубодилаи асъори Душанбе ҳамчунон беасос долларро ба муштариёнашон намефурӯшанд ва ё онро гарон мефурӯшанд. Дар ин замина сокинони бисёре аз шаҳри Душанбе норизоии худро иброз доштаанд.
Бархе аз сокинони Душанбе аз камбуди доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Душанбе шикоят карда, изҳор доштанд, ки бархе аз саррофон мегӯянд, доллар надорем.
Мадина, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ки дирӯз ба ҳар нуқтаҳои саррофии маркази шаҳр сар зада, нархи онро дар бархе аз ин марокиз 500 сомонӣ гуфтанд ва дар бархеи дигарашон изҳор доштанд, ки аслан доллар надорем. Ҳол онки дар навиштаҳояшон нархи долларро 4,97 ва 4,99 буд.
Зарина яке дигар аз сокинони пойтахт мегӯяд, ки ба филиалҳои мубодилаи асъори Агроинвестбонк дар минтақаи 82 муроҷиат карда, вале дар ҳеч кадомашон доллар харидан натавонист. "Мегӯянд ё ба нархи 500 сомонӣ гир, ё аслан нагир, хоҳӣ нахоҳӣ ҳамин аст. Дар бештари ҷоҳо ҳамин тавр аст", гуфт Зарина.
Қаблан дар шарҳи ин вазъият Мирзомуддин Мавлонов, раҳбари департаменти танзими асъори Бонки миллӣ дар шарҳи шикояти сокинони Душанбе аз камбуди доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъор мегӯяд, агар саррофон беасос аз фурӯши доллар худдорӣ кунанд, муҷозот хоҳанд шуд:
"Аз як тараф нафурӯхтани доллар ғайримантиқӣ аст, чун ин манбаъи даромади нуқтаҳои мубодилаи асъор аст. Баъдан агар ҳамаи нуқтаҳои мубодилаи асъор аз фурӯши доллар саркашӣ кунанд, қурби он метавонад, боло биравад. Бинобар ин ҳеч мумкин нест, ки масъулини нуқтаҳои мубодилаи асъор, долларро нафурӯхта бошанд". Ба қавли номбурда, шаҳрвандон дар сурати рӯбарӯ шудан ба чунин ҳолат ба масъулини Бонки миллӣ дар тамос шаванд ва масъулин то ҳатто метавонанд иҷозатномаи нуқтаи мубодилаи асъорро бозхонд кунанд.
Вазъияти ногувор давом мекунад?
Аммо далели пеш омадани ин вазъиятро Ҷамшед Қудратуллоев ,иқтисоддони тоҷик чунин шарҳ медиҳад, ки дар моҳи феврал чиниҳо иди соли навашонро таҷлил мекунанд ва зимни он марзҳояшон баста мешавад. Ҳамин, ки кушода шуд, талабот зиёд мешавад ва тоҷирон сомониҳояшонро бо доллар иваз мекунанд. Сабаби дигараш ин аст, ки бахши аъзами доллар тавассути муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон ворид карда мешавад. "Рубли русӣ ҳам дар қиболи доллар якбора 6 рубл уфт кард, ки ин як уфти рекордӣ дар 5 соли ахир аст. Барои ҳамин чун сомонӣ ба қурби рубли русӣ бастагӣ дорад, қурби доллар ҳам дар нисбати сомонӣ афзоиш ёфт", изҳор дошт Ҷамшед Қудратуллоев.
Аммо Нозим Ишанкулов, директори иҷроияи Маркази бозори озоди Тоҷикистон мегӯяд, ки асъор ҳамчун мол дар иқтисод объекти талаботу пешниҳод мебошад. Дар ин вазъият кормандони мубодилаҳо, яъне соҳибкорон аз рўи вазъияти бозор фаъолияти худро мебаранд. Аз рўи адолат ҳеч кас ҳуқуқ надорад аз онҳо шикоят кунад, чунки асъор ин моликияти хусусии онон мебошад. Вале ба гуфтаи директори Маркази бозори озоди Тоҷикистон, ҳамакнун мушкили асосӣ на дар соҳибкорон, балки дар аҳволи бозори асъори Тоҷикистон мебошад.
"Иваз шудани нархи асъор ин натиҷаи фаъолияти бозор аст. Сабабҳои гарон шудани доллар якчанданд. Пеш аз ҳама ин вақти сол дар баҳор бисёр шаҳрвандони мо ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва бо худ бисёр асъорҳои хориҷӣ, инчунин долларро мебаранд. Дуввум сабаб ба хоҷагии қишлоқ алоқадор аст. Яъне деҳқонон бисёр нуриҳо, таҷҳизот ва дигар лозимотро аз хориҷа харидорӣ менамоянд, яъне асъори хориҷиро берун аз давлат равон мекунанд", иброз дошт Нозим Ишанкулов.
Аммо дар нақши Бонки марказии кишвар Ҷамшед Қудратуллоев мӯътақид аст, Бонки миллӣ аз миёнаҳои моҳи феврал ба дахолат машғул аст ва ба борзор ҳар рӯз як миқдор долларро мебарораду мефурӯшад, то ба қадре пеши беқурбшавии сомониро нигоҳ дорад. Вале агар вазъият ҳамин тавр давом кардан гирад, захираҳои Бонки миллӣ барои нигоҳ доштани қурби сомонӣ кифоя нестанд. Агар қурби рубл дар баробари доллар дубора боло наравад, эҳтимол ин беқурбшавии сомонӣ идома мекунад.
Бо ин вуҷуд қариб ҳар сол чунин вазъияте дар Тоҷикистон ва дар ин фасл ба чашм мерасад. Ба андешаи Нозим Ишанкулов, айни ҳол ягон сабаби сангин барои иваз шудани нархи асъори хориҷӣ вуҷуд надорад чун вазъият дар иқтисоди Русия ҳоло ором аст ҷое, ки аксари муҳочирони тоҷик кор мекунанд ва ба кишварашон долларҳои коркардаро равон мекунанд. Танҳо вазъияти ноором дар ширкати Талко мебошад, ки яке аз воридгари доллар ба ватанамон мебошад.
Камчинии доллар ба баландшавии қурбаш сабаб мегардад ва дар натиља қурби сомонӣ паст мегардад. Пастшавии қурби сомонӣ ба бевосита ба гароншавии нархҳо боис мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |