Андрей Малахов, барандаи барномаи “Пуст говорят”, шоми 27-уми март қазияи нави заношӯии муҳоҷири тоҷик ва зани русро оммавӣ кард.
Дар барнома аз саргузашти Қиёмиддин Юнусов, як муҳоҷири тоҷик дар Русия қисса мешавад, ки 12 сол пеш бо Олга Хрибченко аз шаҳри Кемероваи Русия оила барпо намуда соҳиби писар шудааст. Аммо баъдан гӯиё Қиёмиддин бо фиребу найранг писарашро аз зани русаш ҷудо намуда ба Тоҷикистон овардааст.
Дар барномаи Олга қисса мекунад, ки барои шавҳараш шуда, дини Исломро қабул намудааст ва мехоҳад, писараш- Иляи 12- соларо, ки бо оила тоҷики Қиёмиддин зиндагӣ мекунад, баргардонад. Иля дар суҳбат бо хабарнигорони “Пусть говорят” гуфт, ки модарандааш-Гулзира ва хоҳарашро дӯст медорад ва бе онҳо зиндагӣ карда наметавонад. Ба модараш Олга муроҷиат намуда гуфт, ки ӯро низ дӯст медорад агар ӯ хоҳад метавонад ба назди онҳо биёяд.
Қиёмиддин Юнусов низ дар хитоб ба Олга изҳор дошт, ки агар розӣ бошад, бо хушӣ ӯро дар оилаи дар Тоҷикистон будааш, қабул мекунад ва таъкид дошт, ки зани тоҷикаш мухолиф нест.