АКС: Эмомалӣ Раҳмон дар Кобул: Наврӯз ҷашни фаромиллию фаромазҳабӣ аст
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари корияш ба Кобул рӯзи 27-уми март дар Конфронси байналмилалии Наврӯз дар ҳузури сарони давлатҳою ҳукуматҳои ҳашт кишвари таҷлилкунандаи Наврӯз онро ҷашни фаромиллию фаромазҳабӣ унвон кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла таъкид кардааст, ки “муҳимтарин хусусияти Наврӯз ин аст, ки ин ҷашн ба ягон воқеаи сирф қавмӣ, миллӣ ё минтақавӣ бахшида нашудааст ва як падидаи фаромилливу фаромазҳабӣ буда, заминаҳои ҷаҳонишавиаш ҳанӯз то милод гузошта шуда буд”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон афзудааст, ки “асли Наврӯз бо воқеаҳои бузурги кайҳониву ҳамосие решапайванд аст, ки ба сарнавишти Одаму Олам нисбат доранд”.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон “фарҳанги наврӯзӣ метавонад дар ҳалли мушкилоти муосири умумибашрӣ, аз ҷумла дар рафъи бӯҳрони сахти экологӣ ва маънавӣ раҳнамо бошад”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар Наврӯзгоҳи Кобул, ки дар саҳни Арки раёсати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ороста шуда буд, аҳли фарҳанг ва ҳунармандони мардумӣ аз тамоми минтақаҳои ин кишвар ва ҳам аз кишварҳои дигари ҳавзаи тамаддунии Наврӯзи оламафрӯз ҳунарҳои зебои худро ба намоиш гузоштанд.
Ба иттилои манбаъ баробари иштирок дар базми наврӯзӣ Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти чаҳорҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон- Ҳомид Карзай, Ҳасани Рӯҳонӣ ва Мамнун Ҳусейн иштирок карда, аз ҷумла изҳор доштааст, ки “нақши чаҳор кишвар дар ҳамкории минтақавӣ ва умуман ҷаҳони ислом пайгирона боло меравад”.
Эмомалӣ Раҳмон “сохтмони шабакаи муосири интиқоли барқ, газ, оби нӯшокӣ, роҳҳои оҳану мошингард”-ро барои чор кишвар “дорои аҳамияти ҳаётӣ ва геоиқтисодӣ” номида, таъкид доштааст: “Зарур аст, ки роҳҳои пайванди чаҳор кишвар ҳарчи зудтар ва дар сатҳи имрӯзӣ бунёд ва навсозӣ шаванд, то ки нақши кишварҳои чорроҳӣ ва транзитии мо дар ҳамкории минтақавӣ ва байниминтақавӣ ҷиддан боло равад”.
Ба иттилои дафтари матбуот дар фарҷом Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳои Афғонистон, Эрон ва Покистон даъват кардааст, ки моҳи сентябри соли равон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Душанбе ташриф биёранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |