Turajon.org дар бораи тафтиши телефони ҳамсар, гузоштани оя ва рақамҳои "нуқрагин"

Торнамои Turajon.org, веб-сайти хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо ҳукми гузоштани оятҳо Қуръон дар занги телефонро аз нигоҳи Ислом шарҳ дода, истифодаи телефонҳои бо тило ороишёфта ва харидории рақамҳои ба истилоҳ нуқрагинро бо нархи гарон исрофкорӣ хондааст.
Ин торнамои исломии кишвар гуфтааст, гузоштани оят ё садои Азон дар занги телефон як навъи беэҳтиромӣ нисбати Қуръон ва шаоири Ислом маҳсуб мешавад. “Худо Қуръонро барои хондану тадаббур кардан ва амал кардан ба аҳкоми ӯ нозил кардааст. Каломи Худо бузургтар аз он аст, ки василаи танбиҳ дар телефон қарор дода шавад ё худ Азон, ки барои духули вақти афзалтарин ва муҳимтарин ибодати дар Ислом - намоз машруъ шудааст.”- менависад Turajon.org.
Ба гуфтаи ин торнамо, гузоштани дуо ё панду насиҳат дар занги телефон ҷоиз аст. Вале ҳангоми ворид шудани шахс ба ҳоҷатхона бояд овози телефон хомуш карда шавад.
Дар мавриди хариду фурӯши рақамҳои тилоӣ бо нархи гарон, Turajon.org мегӯяд, агар ин амал ба хотири шуҳратхоҳӣ бошад дар исрофкорӣ дохил шуда, шариати Ислом онро манъ мекунад. Торнамо менависад, “Худованд дар Қуръон дар сураи Аъроф ояи 31 мегӯяд:”Бихуред ва биошомед, вале исроф накунед. Зеро Худо исрофкоронро дуст намедорад.”
Веб-сайти хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо гуфтааст, азбаски истифодаи тило дар ғайри ҷавоҳирот барои зану мард ҳаром аст, корбурди телефонҳои бо тило ороишёфта низ ҷоиз нест. Ба гуфтаи Turajon.org, паёмбар (с) гуфтаанд: ”Дар зарфи тиллоӣ ва нуқрагин нанӯшед, зеро нӯшидан дар зарфҳои тилоию нуқрагин барои кофирон дар ин дунё аст ва барои шумо дар охират аст.” Turajon.org, далели манъ шудани истифодаи ашёи тилоӣ дар ғайри зеваротро навъе аз кибру исрофкорӣ маҳсуб шудани он, арзёбӣ кардааст.
Торнамои Turajon.org тафтиш кардани телефони ҳамроҳи ҳамсарро як навъи ҷосусӣ хонда, гуфтааст, ин амал аз нигоҳи Ислом ҳаром мебошад: “Худованд аз таҷассусу ҷосусӣ барои ёфтани айби якдигар наҳй кардааст. Дар Сураи Ҳуҷурот ояти 12 омадааст,”ва аз ҳоли якдигар таҷассус накунед.”
Дар мавриди он ки мард ҳақ дорад, ҳамсари худро аз истифодаи телефони мобилӣ манъ кунад, торнамо навиштааст, “агар шавҳар ба ҳамсараш шакку шубҳа дошта бошад, ё ҳамсар телефонро дар умури ҳаром истифода мебурда бошад пас дар ин ҳолат шавҳар ҳақ дорад ҳамсарашро аз истифодаи телефон барои ҳифзи номусаш манъ кунад.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |