Бунёди Оқохон пул ва бозори нави пайвандгари тоҷикону афғонҳоро ба истифода дод
Дар мавзеи Хумроғи ноҳияи Ванҷ пули нав ва бозори наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон бо ширкати тоҷирону соҳибкрон ва масъулини ниҳодҳои давлатии ҳарду ҷониб кушода шудааст.
Дар ин бора Азимҷон Шамсиддинов, муовини раиси ноҳияи Ванҷ, имрӯз 27 март ба «Озодагон» иттилоъ дода, афзуд, ки бинои бозор бо усули замонавӣ сохта шудааст, вале айни ҳол мушкили барқ ва об дорад, ки дар ояндаи наздик ҳал хоҳанд шуд.
Номбурда иброз дошт, бозор рӯзи 25 март ба истифода дода шуд ва майдони он ҳудуди 400 метри мураббаъро ташкил медиҳад: “Дар кушодашавии ин бозор беш аз 1000 нафар иборат аз тоҷирону соҳибкрон ва масъулини ниҳодҳои давлатии ҳарду кишвар ҳузур доштанд”.
Азимҷон Шамсиддинов қайд кард, ки бозор бо маблағгузории Бунёди Оқохони чорум сохта шудааст, ки нисбат ба дигар бозорҳои наздимарзии кишвар шароиташ беҳтар мебошад.
Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон низ, ки дар маросими ифтитоҳи пулу бозори наздимарзӣ иштирок кардааст, изҳор доштааст, ки дар ҳудуди вилоят ин чорумин пул аст, ки дар болои дарёи Панҷ сохта шудааст ва ба беш аз 70 ҳазор сокини ҳар ду вилояти наздимарзии кишварҳо хизмат хоҳад кард.
Ба қавли Шодихон Ҷамшедов, дар ояндаи наздик сохтмони пули дигар дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Ишкошим- деҳаи Лангар дар назар дошта шудааст.
Дар маҷмуъ Тоҷикистону Афғонистонро 7 пул мепайвандад, ки аксари онҳо бо маблағгузории Бунёди Оқохон бунёд шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |