Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз рӯи нақшаи кории кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ машқи муштарак доир гардид.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин фурудгоҳ, тамрини мазкур бо ҷалб намудани дастаҳои наҷотдиҳии «Фурудгоҳи байналмилаллии Душанбе», «Тоҷик Эйр» ва КВД «Тоҷикаэронавигатсия» гузаронида шуд. Зимни машқи таълимӣ «Фаъолияти мақомоти идорӣ-ҷамъиятҳои наҷотдиҳии ғайри ҳарбӣ ҳангоми барҳамзании ҳолатҳои фавқулодда дар сурати садамавӣ фуруд омадани ҳавопаймо» зери мушоҳидаи нозирон қарор гирифт.
Манбаъ ҳамчунин афзуд, эҳтимолияти машқ ҳамин буд, ки ҳавопаймо дар ҳолати садамавӣ фуруд меояд ва эҳтимолӣ сар задани сӯхтор ва осеб дидани мусофирон мавҷуд аст, дар дохили салон моеъи гази химиявӣ дошта паҳн мегардад. Барои барҳам задани ҳолати баамаломада ва наҷот додани мусофирон дастаҳои наҷотдиҳии корхонаҳо муштарак амал намуда, дар мӯҳлати нишондодашуда амалиётҳои наҷотдиҳиро анҷом доданд. Ба гуфтаи манбаъ, роҳбарии кулли машқҳоро муовини сарвари фурудгоҳи байналмилалии Душанбе -Азиз Иброҳимов бар ӯҳда дошта, рафти машқҳои наҳотдиҳиро сардори раёсати фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, полковник Х. Қодирбердиев назорат кард. {jathumbnail off}
Мӯҳр