Истиқболи салафиёни Миср аз номзадии Сисӣ дар интихобот
Ҳизби исломгарои салафии “Нур” дар Миср аз эълони номзадии Абдулфаттоҳ Сисӣ, сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар ба мақоми президентӣ истиқбол кардааст.
Ҷаллол Марра, дабири кулли ин ҳизб гуфтааст, тасмими Сисӣ барои пешбарии номзадияш ба мақоми президентии Миср ҳаққи шаҳрвандии ӯст. “Сисӣ ба мисли фарзандони фарзонаи дигари Миср ҳақ дорад, дар интихоботи президентӣ иштирок карда, бо ноил шудан ба ин мақом барои пешрафти давлати худ дар ин марҳаллаи басо ҳассосаш саҳм гузорад.”- афзудааст ӯ.
Дабири кулли Ҳизби исломгарои салафии “Нур” шаҳрвандони кишварашро ба ҳамнавоӣ даъват карда, гуфтааст, “имрӯз кишвари мо ба гирдиҳам омадани фарзандонаш зери як парчам ниёз дорад, то дубора макону манзалати худро дар олам соҳиб шавад.” Сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Миср, ки ҳамзамон симати вазирии дифои кишварашро бардӯш дорад, аз мансаби худ истеъфо дода, расман номзадии худ ба мақоми президентиро эълон кардааст.
Абдулфаттоҳ Сисӣ яке аз номзадҳои аслӣ дар интихоботи президентии Миср ба шумор меравад, ки қарор аст, моҳи апрели соли равон баргузор шавад. Генерал Сисӣ асосгузори кудетои низомии Миср аст, ки ба сарнагунии ҳукумати тозатаъсиси Муҳаммад Мурсӣ сабаб шуд. Коршиносони мисрӣ мегӯянд, азбаски Сисӣ аз пешбарии номзадияш дар ин интихобот хабар додааст, майли сиёсатмадорон барои иштирок дар ин корзори сиёсӣ нисбат ба интихоботи қаблӣ, ки бо пирӯзии Мурсӣ анҷом ёфт, хеле кам эҳсос мешавад. То кунун танҳо Ҳамдейн Сабоҳӣ, асосгузори Ҳаракати мардумии Миср, аз пешбарии номзадияш дар интихоботи президентии ояндаи ин кишвар хабар додааст. Дар интихоботи президентии ахири Миср, ки охирҳои моҳи майи соли 2012 баргузор гардид, 13 номзад расман сабти ном шуда, ҳудуди даҳ нафари дигар бо сабабҳои номаълум аз иштирок дар корзор маҳрум шуда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |