Бахшҳо

Котибаҳо дар Одноклассники ва роҳбарон дар Фейсбук?

Фазлиддини Азимӣ, журналист

Дар Тоҷикистон роҳбаронро мардум интихоб намекунанд. Дар ҳоле, ки раисро на бояд раис интихоб бикунад, балки ҳамон ҷамъияте, ки зери садорати ӯ хоҳад буд.

Роҳбар дар ин ё он макон бояд аз ҷониби мардумаш интихоб гардад, зеро мардуми он макон медонанд, кӣ арзандаи роҳбарист. Ҳозир мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксари маврид роҳбарон нодуруст интихоб мешаванд . Одитарин мисолҳороро меорам, ки барои ҳамаи мо маълум аст:

Имомхатиби масҷид бояд на аз ҷониби қозиёт балки аз ҷониби мардуми ҳамон маҳал интихоб гардад. Омадааст, қавме, ки аз имомхатиби хеш розӣ нестанду аз ақиби вай маҷбурӣ намоз мегузоранд, намози хондаи онҳо ҳатто як ваҷаб боло намеравад. Пас шумо қазоват кунед, ки имрӯз интихоби имомхатибон маҷбурӣ шудааст, ки ин хилофи шариат аст. Бигзор мардум имомхатибро интихоб кунанд ва он нафар аз ҷониби қозиёт санҷида шавад, агар аз имтиҳон нагузашт, ба мардум вогузор шавад то нафари дигарро интихоб бикунанд. Вагарна нофаҳмиҳо байни мардуму қозиёт давом додан мегираду бас.

Мисоли оддии дигар интихоби декан дар муассисаҳои таълимӣ аст, ки бояд шахси огоҳ аз нозукиҳои ҳамон соҳа ва факултет бошад. Роҳбар барои мо танҳо дар охири ҳар моҳ ва ё маҷлисҳои роҳбарони боло ҳисобот додан дониста мешавад. Ин аст, ки дар Тоҷикистон ҳама мехоҳад роҳбар бошад. Ҳол он, ки роҳбар бояд навгониҳо биорад, барои пешрафти соҳаи зертобеаш пайваста андеша бикунад.

Аммо дар мо, вақте вориди корхона мешавӣ, мебинӣ, ки котибаҳо дар сомонаи «Одноклассники» ва раисон дар «Фейсбуканд». Шумо мегӯед, ки тақозои замон, дуруст, аммо вақте бо сабаби ҳамон сомонаҳо туро нигоҳ намекунанду вақти туро мегиранд, пас аламовар аст. Вақт барои раису котиба шояд қиммат надорад, аммо барои баъзеҳо қиммат дорад. Андешаи ман ин аст, ки агар роҳбар тасодуфӣ нест, пас вақт барои вай қиммат дораду вақти дигаронро низ қадр мекунад.
Мӯҳр
Амир
Канд зан Фазлиддин! Масъалаи муоширати котибаву дигар масъулиини идорахои давлатй бо мардум як ислохоти чиддиро такозо дорад. Вакте ки аз дарашон медарой, хаёл мекуни ки назди "Фиръавн" омада боши!

Рустам
Фазлиддин дар холате хак аст, ки мо миллати комил бошем. Холо дар мо аввал махалбозй аст, пас миллат. Агар имомхатибу раиси корхона ё чамоатро интихоб кунем, дар хамон чо киёмате барпо мешавад. Кавму авлодбозй як дехаро ба чанд кисмат чудо мекунад. Як бор чунин тачрибаро солхои 90-ум дида будем. Баъди хар се мох интихобот мешуд. Фикри дигар, ки рохбар доно ва арзанда бошад, дуруст аст. Ман чонибдор!

Рости хеле мавзуи мубрами hephj дар риштаи тахлил кашидаи. Вокеан дар чомеаи демократи низоми идоракуниии идорахои давлати аз чониби зертобеон интихоб карда шавад. Аммо мутаассифона дар Точикистон дар баъзе сохахо то чое чунин нест. Барои мисол дар муассисахои тахсилоти оли интихоби мудири кафедра аз нахуст дар миёни устодони кафедра, баъдан дар чаласаи садорати факултет ва дар охир дар чаласаи Шурои олимони донишгох интихоб карда мешавад. Аммо мутаассифона номзади пешниходшуда дар кафедра хама зид, дар деканат хама зид аммо Шурои олимони донишгох у мудир мешавад. Хол он, ки у оянда бо аъзоёни кафедраву устодони садорат кор мекунад.

дар бозори корвон ба тичорат машгулам имруз ду корманди сухтор омада ду се нафари дилхохашонро тафтиш карданд махсусан маро инчунин мегуи дуне дар дасти уно бошад мар ба гуфти худашон протокол карданд ки мухлати огнетушители шумо гузаштааст охир мо огнетушител гирем шумо чи даркоред е ки когазе ки дар он 01 навиша шудааст ман дорам хамун когазро мегуяд боз нав баромадааст хамин 01 навиша шудаги бесаводонро ки рох додааст ба ин кор гуфтанд 3 руз баъд меоем огнетушител нахарида боши чарима мекунем хол он ки ягон нафар уйгуру китои надорад кумак кунед

Рост мегуй Сухторхомушкунак. Дар бозорхои шахри Душанбе беадолати аз чониби раисони бозор, косалесони онхо, макомотхои онхоро мехурондаю мепушонда ба авчи аъло расида, мардум ба дод омадаанд. Аммо доди худро ба кй гуем. Кудакдорем ва гами онхо моро маюс мекунад, вале косаи сабр, ки лабрез шуд, дунё к,оим мешавад. Ин гапи ман ба диккати хукумати ш. Душанбе ва кормандони содики хифзи хукук.

Мавзуи доги руз. котибахо дар одоклассник, раису муовинонашон дар фейсбуку ютуб, аммо корафтодагон дар хафтахо дар пушти дар. Баъзе котибахо на аз барои дониш ва маърифту чолоки интихоб мегарданд, балки аз барои зебоиашон интихоб мегарданду 20% хамчун котиб ва 80% хамчун зани дуюм истифода мешаванд. ааааааааа

Дустони азиз. Рухафтода нашавед. мешавад иноолох. Точикистон давлате аст ки баъд фош хурдани Шурави дар мобайни 15 давлат баъди Киргизистон меистад. буджети давлат соли 1992 40000 $ буд холо бошад 2млрд шудааст ва насиб аз ин хам зиёд мешавад.Чаноби оли дар як баромад гуфт ки "Афсус дар ватан кадрхои хуб нест, ки кадрхои калонсолро иваз кунем". Аз мо хондан. Фазлиддин дустам рухафтода нашав. ба фикрам аз декани факултет ё аз ягон мураббии богча сахт хафа шудагии. Худованд окибаташа ба хайр гардонад

тарафдор
Офарин Фазлиддини Азими Худованд ёру нигахдору мададгоратон бошад ба ин фикрхои равшанатон! бехтарин мавзуъ. Худованд сафи шумо донишмандону рушанфикронро зиёд кунад ва хамеша сарбаланди дунё ва охират бошед!

сухторхомушкунак, Бародар, огнетушитель зарур аст. Барои якчанд сомони мумсики накун, ки ягон руз ин маблаг мумкин хазорхо доллари туро начот дихад. Пажарникхо наметавонанд-ку дар як дакика пешат пайдо шаванд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)