14 ҳазор сомонӣ ҷарима барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ
Як сокини 20-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ 14 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шудааст.
Тавре як манбаъ аз додистонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба хабаргузории «Озодагон» хабар дод, бинобар саркашӣ ба хидмати ҳарбӣ як сокини 20-солаи ҷамоати Исписори ноҳияи мазкур 14 ҳазор сомонӣ ҷариманбадӣ гардидааст.
Манбаъ афзуд, ҳарчанд ин сокини 20-сола аз комиссияи давъат ба хизмати ҳарбӣ гузашта, ба хидмати аскарӣ муносиб буд, вале пас аз гузаштан аз комиссия ба кишвари Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намуд: “Аммо баъди баргаштан, нисбат ба ў парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, ҷаримабандӣ шуд.”
Ба иттилои манбаъ аз оғози сол ин дуюмин парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ҷавонон барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ дар ин ноҳия мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |