Супориши президент оиди манъи “облава” иҷро мешавад? (ВИДЕО)
Дар пасманзари оғози мавсими баҳории даъвати наваскарон ва супориши Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон оиди бартараф кардани роҳҳои ғайриқонунии ҷалби ҷавонон ба артиш, “Озодагон” миёни коршиносон суол гузошт, ки ба лағви “облава” бовар доред?
Абдуазими Абдуваҳҳоб, рӯзноманигор:
Агар манзур ин бошад, ки ҷалби ғайриқонунӣ ва ё «облава»-и наваскарон хотима меёбад ё на, фикр намекунам, ки бо шиору суханбозӣ ин раванд хотима ёбад. Бо чанд далел хотима додани ин раванд осон ба даст нахоҳад омад:
1.Вазорати мудофиа натавонистааст, ки тасаввури мардумро баъд аз солҳои душвор барои Тоҷикистон нисбат ба хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ба таври мусбат шакл диҳад. Имрўз тасаввури он, ки сарбози тоҷик побараҳна, шикамгурусна ва армияи деҳқону камбағал аст, мардумро намегузорад, ки барои ба сарбозӣ рафтани фарзандашон ба осонӣ ризо шаванд. Воқеан, вазъи сарбозон нисбат ба 10 соли пеш ба маротиб фарқ дорад. Аммо Вазорат натавонистааст, ки ин тавофутро ба мардум фаҳмонад. Бо барномаҳои қолабии телевизионӣ ин амр иҷроношуданист. Масалан, аз хизмат дар Гвардияи миллӣ зиёд сифат мекунанд, вале ҳоло ҳам дарки ин оммавӣ нашудааст.
2.Фарҳанги сарбозӣ. Дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ миёни сарбозон қоидаҳои нонавиштаи боқимонда аз замони Шўравӣ ҳаст, ки Вазорати мудофиа қодир ба он нашудааст, фарҳанги сарбозии хоси тоҷикиро биёфарад. Ақалан, сарбозӣ барои як ҷавони тоҷик мактабе нашудааст, ки баъд аз хидмат ҷавон тавонад ба арзишҳои милливу давлатӣ арҷгузор бошад. Ё ҳадди аќқал, ба дарки ин мафҳум бирасад.
3.Барои ҷавони хидматкарда, ҳеч имтиёзе вуҷуд надорад. Бояд давлат барои ҷавонҳое, ки дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хидмат мекунанд, то як давраи муайяне, ки ба сарбозӣ рафтан, як амри маъмулӣ дар зиндагии мо гардад, имтиёзҳое бидиҳад.
4.Комиссариатҳои ҳарбӣ масъули ҷалби наваскарон набошанд. Ба ҳадди аксар талош шавад, ки ҷамоатҳо ба ин кор машғул бошанд. Дар ҳолатҳои зарурӣ прокуратура машғул шавад, он ҳам сирф аз нигоҳи қонунӣ. Ба ин монанд зиёд омилҳое ҳаст, ки бо бартараф кардани он метавон сафи хоҳишмандони хидматро бештар кард.
Фаридун Маҳмадалиев, сухангўи вазорати дифоъ
Даъвати баҳории наваскарон ба сафи неруҳои мусалаҳи Тоҷикистон дар доираи қонунгузориии кишвар сурат хоҳад гирифт. “Облава” намешавад. Чунин мафҳуми “облава” умуман дар қонунгузории Тоҷикистон вуҷуд надорад. Он гуфтугузорҳо, ки зимни даъвати ҷавонон ба қувваҳои мусаллаҳ аз роҳҳои ғайриқонунӣ истифода мешавад, далели мушаххас надорад.
Абдураҳмон Шералиев, коршинос
На, намешавад. "Облава" кайҳо анъана шудааст. Бе он шояд 10%-и нақшаро иҷро кунанд, ё камтар. Ин фармон ҳам мисли ҳамон фармонҳои бекоркунии лимити барќ дар ҳаво хоҳад монд. Чун имкони иҷрои он вуҷуд надорад. Худи фармон хуб аст, хеле зарурист, аммо пеш аз содир карданаш бояд заминаро омода мекарданд. Бубинед, миллионҳо доллари даъватшавандагон ба коми наҳангҳои артиш меравад. Мешавад, ки ҳамин маблағ чун андози раҳоӣ аз хидмат аз як қисм ситонида шаваду ба қисми дигар шароити хуб муҳайё карда шавад. Ҳатто бо ин роҳ метавон роҳро барои гузаштан ба артиши касбӣ ҳамвор кард.Ин дар ҳолест, ки дар шабакаи интернет наворҳои зиёди "облава"-и ҷавонон чарх мезананд:
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |