Амрикоиҳо Русияро барои кишварашон “хатари ҷиддӣ” медонистаанд
Наздики 70 дар сади амрикоиҳо дар пайи назарсанҷие Русияро барои ИМА “хатари ҷиддӣ” гуфтаанд.
The Washington Post дар матлабе навишта, ки сокинони ИМА бо андешаи президент Барак Обама дар мавриди “қутби минтақаӣ” будани Русия ҳамфикр нестанд. “Русия қутби минтақаист, ки бархе аз ҳамсояҳои наздикашро на барои қудраташ, балки барои заъфи худ таҳдид мекунад”, -гуфта буд Обама. Ин нуктаро президенти Амрико дар посух ба як саволе дар давраи интихоботии соли 2012 изҳор дошт. Обама нуқтаи назари Митт Ромниро дар мавриди “душмани геополитикии рақами 1”-и ИМА будани Русия рад намуд.
Аммо ба навиштаи муаллифи матлаб, аз замони ба Қрим ҳамла кардани Русия қисме аз сокинони Амрико ба ин хулоса расидаанд, ки ҳақиқат бо Ромни будааст. Бо вуҷуд, ахиран Барак Обама бори дигар таъкид намуд, ки ба андешаи худ содиқ аст ва Русияро танҳо як “қутби минтақаӣ” меҳисобад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |