Эмомалӣ Раҳмон ба Карзай: "Афғонҳо худ бояд сарнавишташонро муайян созанд"
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳамтои афғонаш - Ҳомид Карзай ба масъалаи интихоботи қарибулвуқуи президентии Афғонистон дахл карда, таъкид кардааст, ки мардуми ин кишвар бояд сарнавишти хешро худ муайян созанд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзи 26 март барои иштирок дар ҷашни байналмилалии Наврӯз вориди шаҳри Кобул гардид, дар қасри президенти Афғонистон бо Ҳомид Карзай мулоқотеро анҷом додааст. Ӯ дар ин дидор бо Карзай изҳор доштааст, ки Тоҷикистон самимона ҷонибдори он аст, ки афғонҳо худ сарнавишташонро муайян созанд, то ин интихобот ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ваҳдати миллию ободии кишварашон мусоидат кунад.
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, “муносибатҳои дӯстонаи мо реша дар қалбҳои мардумони ду кишвар доранд ва аз ин хотир, вазифаи сиёсӣ ва инсонии мо аст, ки чунин равобитро ҳамаҷониба тақвият ва таҳким бахшем”.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин мулоқот ҳарду ҷониб аз рушди босуръати ҳамкории энергетикӣ, зербиноӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ изҳори хушнудӣ карда, тақвияти ҳамгироиро ба татбиқи зудтару босифати барномаҳои калонмиқёси минтақавӣ мисли хатти бузурги интиқоли барқи CASA-1000 ва роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон амри зарурӣ номиданд.
Дар робита ба таҳкими фазои сулҳи саросарӣ дар Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки Тоҷикистон хостори созмондиҳии раванди сулҳ аз ҷониби худи афғонҳову раҳбарии онҳо мебошад: “Дигарон бояд фақат мусоидати беғаразона ва дӯстона намоянд.”
Миёни ҷонибҳо санадҳои нави ҳамкорӣ, аз қабили Эъломияи муштараки Тоҷикистону Афғонистон дар бораи густариш ва тақвияти муносибатҳои дуҷониба, Созишномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати умури дохилаи Афғонистон, оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаолияти гумрукӣ, доир ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, дар соҳаи фарҳанг, ҳунар ва нашрияҳои савтӣ, тасвирӣ ва чопӣ ва ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Хукумати Тоҷикистон ва Раёсати умумии радио ва телевизиони миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба имзо расидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |