Авҷи сиёҳкунӣ дар арафаи Интихобот-2015: Шеваи мубориза ё тарс?
Ҳумайрои БАХТИЁР
Барои баргузории интихоботи парлумонии соли 2015 камтар аз як сол боқӣ монд. Воридшавии неруҳои сиёсӣ ҳам бо ҳар роҳу шева ба фазои пеш аз интихоботӣ мушоҳида мешавад. Агар дар давлатҳои дигар ҳизбҳо барои баранда шудан дар интихобот аз ташвиқу тарғиб кор бигиранд, дар Тоҷикистон ба назар мерасад, ки бо роҳи сиёҳкунӣ мехоҳанд, рақиби худро ба чашми мардум ҳақир кунанд.
Рақиби аслии ҳизби ҳоким боз ҲНИТ аст
Ҳафтаи сипаришуда дар сомонаҳои интернетӣ навори “Дар сояи мунофиқони ҲНИТ” паҳн гардид. Шореҳ дар филми мазкур, ки бештар аз 12 дақиқа буд, умдатан атрофи ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳаводиси Хоруғ гуфта, барои нооромиҳои кишвар ҲНИТ-ро гунаҳкор медонист. Коршиносон мегӯянд, ки навори мазкур дар остонаи интихоботи парлумонӣ бесабаб пайдо нашуда, ин маънои онро дорад, ки дар интихоботи соли 2015 ҳизби ҳоким ҲНИТ-ро рақиби аслии худ мешуморад.
Абдулқаюми Қаюмзод, шореҳи масоили сиёсӣ мегӯяд, ки аз фазои феълии кишвар метавон хулосабарорӣ кард, ки интихоботи соли 2015 ба манфиати нерӯи ҳоким анҷом хоҳад ёфт. Абдулқаюми Каюмзод бо ишора ба фишорҳо ва навори охир алайҳи ҲНИТ гуфт, ки бо ин ҳизби ҳоким рақиби аслии худро муаррифӣ кард. Номбурда гуфт, ки агарчӣ мубориза шуруъ шудааст вале ҳамоно фазои пеш аз интихоботӣ эҳсос намешавад.
Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, ки омодагии аҳзоби сиёсӣ барои ширкат дар интихоботи парлумонии соли 2015 ҳеч вақт қатъ нагардида буд. Ба гуфтаи Муллоҷонов баъди интихоботи парлумонии соли 2010 неруҳои мухолиф ва ҳизби ҳоким мубориза ва омодагии худро барои ширкат дар маъракаи соли 2015 идома доданд: “Аммо ин муборизаҳо ҳамакнун авҷ мегирад. Чизе гуфтан барвақт аст. Вале муборизаҳо барои курсиҳои парлумонӣ шадидтар хоҳад буд. Ман гумон мекунам, ки фишор болои аҳзоби сиёсӣ зиёдтар мешавад. Ҳизби ҳоким аз рафти тамоми воқеоти сиёсӣ назорат хоҳад кард. Ҳизби ҳоким талош хоҳад кард, то ҳамон пирӯзии худро аз даст надиҳад. Ва барои ин аз тамоми роҳу имконият истифода мекунад.”
Шароит барои ҳамаи аҳзоб баробар хоҳад буд?
Лоҳутӣ Сафаров, масъули Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки ворид шудан ба корзори интихоботи парлумонии соли 2015 расман эълон нашудааст. Мушоҳида мешавад, ки ҳизбҳои сиёсӣ барои ширкат дар ин маърака омодагӣ дошта, мавқеи худро мустаҳкам мекунанд: “Барои пирӯз шудан дар ин маърака ҳизбҳоро танҳо лозим аст, ки барномаҳои пешазинтихоботии худро хеле ҷиддӣ таҳия намоянд. Ҳизбҳо бояд барномаи худро тавре таҳия намоянд, ки он фарогири ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад.”
Лоҳутӣ Сафаров дар идома гуфт, ки интихоботи соли 2015 аз интихоботи қаблии Маҷлиси Олӣ бартарӣ хоҳад дошт. Номбурда бо ишора ба ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ” гуфт, ки ин барои баргузории як интихоботи озод, демократӣ ва шаффоф замина мегузорад.
Интихоботи соли 2015 ношаффофтар хоҳад буд
Масъули Маркази тадқиқоти стратегӣ дар ҳоле тағйироти ворид шударо заминаи баргузории як интихоботи шаффоф ва демократӣ мегӯяд, ки ба андешаи Абдулқаюми Қаюмзод интихоботи соли 2015 аз интихоботҳои қаблӣ фарқияте нахоҳад дошт. Оқои Қаюмзод мегӯяд, ки парлумони Тоҷикистон он тағйиротеро ворид кард, ки он танҳо барои ҳизби ҳоким имтиёз медиҳад: “Мутаассифона, ин иловаҳои воридкарда ҳеч умедеро барои интихоботи шаффоф намедиҳад. Ин тағйироти воридшуда ба манфиати ҲХДТ аст. Барои мисол ҳизбҳои сиёсӣ ҳамоно наметавонанд дар ҳисобгирии овозҳои мардум ширкат кунанд. Яъне, қисми аслии интихобот ҳамоно дар ихтиёри ҳизби ҳоким аст.”
Дар ҳамин маврид Парвиз Муллоҷонов гуфт, ки парлумон лоиҳаи пешниҳодкардаи вакилони ҳизби ҳокимро қабул намуд, лоиҳаҳои ҲНИТ ва ҲКТ ҳам дар баррасии субъектҳои қонунбарор қарор дорад. Оқои Муллоҷонов мегӯяд, ки агар парлумон тағйироти пешниҳодкардаи аҳзоби мухолифро қабул накунад, пас шаффофияти интихоботи соли 2015 комилан зери суол хоҳад рафт.
ҲХДТ барои рақобат ҳамоно омода нест?
Бо ин ҳама Абдулқаюми Қаюмзод муътақид аст, ки интихоботи парлумонии соли 2015 аз интихоботи қаблӣ бадтар мешавад. Номбурда гуфт, ки лоиҳаи вакилони ҳизби ҳоким барои расмиёт қабул гардид, зеро созмонҳои байналмиллалӣ ва аҳзоби мухолиф аз баргузории интихоботи соли 2010 интиқоди шадид карда буданд. Дар сурати ғайр мегӯяд номбурда, вакилони ҲХДТ дар лоиҳаи худ метавонистанд бандҳои аслии пешниҳодкардаи аҳзоби мухолифро ворид кунанд. Аммо дар лоиҳаи қабулкардаи парлумон ҳатто ишорае барои ширкати нозирони аҳзоби мухолиф ҳангоми ба ҳисобгирии овозҳои мардум набуд: “Бо сарфи назар кардани пешниҳодоти аҳзоби мухолиф – ҲНИТ, ҲКТ ва ҲСДТ исбот намуд, ки ҲХДТ барои ширкат дар як интихоботи комилан озоду шаффоф омода набудааст. Ҳаминро метавон гуфт, ки пас аз истиқлол, яъне дар замони роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҳеч интихоботе дар Тоҷикистон шаффоф баргузор нашудааст”.
Номбурда мегӯяд, ки агар фишор болои аҳзоби мухолиф шадидтар шавад, ин ҳам танҳо ба далели он аст, ки мақомот дарк кардаанд, ки мардум дар ин авохир аз низоми мавҷуда норизо ҳастанд. Абдулқаюми Қаюмзод мегӯяд, маълум аст, ки агар аҳзоби мухолиф, ба хусус ҲНИТ дар интихоботи парлумонӣ ширкат кунад, мардум на ба хотири ақоиду аҳдофи ин ҳизб, балки танҳо барои ибрози норизоии худ аз низоми кишвар ба ин ҳизб ва ё ҳизби дигари мухолиф овози худро хоҳанд дод. Абдулқаюми Қаюмзод мегӯяд баъид нест, ки ҳизби ҳоким барои таблиғу ташвиқ ба ҲНИТ ва ҲСДТ монеаи бештар эҷод бикунад.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон 8 ҳизби сиёсӣ фаъолият дошта, аз ин миён коршиносон танҳо чор ҳизб- ҲХДТ, ҲНИТ, ҲКТ ва ҲСДТ-ро ҳизбҳои воқеӣ медонанд. Таҳлилгарон мегӯянд, ки ҲДТ ва ҲСТ ҳоло мушкили дохилиҳизбӣ дошта, ҲАТ, ҲИИТ танҳо дар арафаи интихобот аз худ “дарак” медиҳанд.
Коршиносон мегўянд, ки тағйиру иловаҳо ба қонуни интихобот, ки ахиран аз ҷониби парлумон сурат пазируфт, танҳо ба хотири ҳисобот ба созмонҳои байналмилалӣ буда, барои шаффофтар баргузор шудани интихоботҳои минбаъда замина нахоҳад гузошт. Мантиқан илова гардидани банди “муқобили ҳамаи ҳизбҳо” дар блютени овоздиҳӣ чӣ аҳамият дошта метавонад? Охир шахсе, ки муқобили ҳамаи ҳизбҳост метавонад, ки аслан ба интихобот наравад ё ҳамаи ҳизбҳоро хат кашад. Бо кадом асос метавон гуфт, ки банди зикршуда ба шаффофтар гузаштани интихобот мусоидат мекунад?
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |