Бахшҳо

АКС: Президент дар Данғара беморхонаи 100 миллионӣ ба истифода дод

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 22-юми март барои такон додани корҳои созандагӣ ба ноҳияи Данғара рафта, беморхонаи нави ҷумҳуриявӣ ва мактабро ба истифода додааст.

Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки беморхонаи нави ҷумҳуриявӣ бо харҷи қариб 100 миллион сомонӣ аз соли 2006 инҷониб сохта шуда, метавонад дар як вақт ба 150 нафар эҳтиёҷманд хизмати тиббӣ расонад: “Дар ин муассиса имконияти хуби ташхису табобат ва гузаронидани амалиётҳои ҷарроҳӣ мавҷуд буда, ҳамзамон шароити хуби табобати гиёҳдармонӣ ва тавонбахшиву машқҳои варзишӣ низ муҳайё карда шудааст: “Дар беморхона дастгоҳҳои нави тиббӣ, аз ҷумла дастгоҳҳои тибби фосилавӣ низ васл гардидааст, ки тавассути он кормандон бо олимону мутахассисони соҳибтаҷриба аз дохил ва хориҷи кишвар ба таври мустақим машварат менамоянд. Дастгоҳу таҷҳизоти тиббии ин беморхона, ки навтарин дар ин соҳа мебошанд, аз Сименс ва Дрейгер барин ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ дастрас гардидаанд.”

Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштааст, ки тамоми мутахассисони ин ва дигар муассисаҳои тиббӣ, ки бо чунин таҷҳизоти мураккаби муосир таъмин гардидаанд, ҳатман бозомӯзӣ кунанд: “Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шуд, ки дар заминаи ин беморхона кафедраҳо барои таҳқиқу омӯзиши масъалаҳои тиб ва бозомӯзии кормандони соҳа таъсис намоянд.”

Баробари ин ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар деҳаи Ҳусейншайхи ҷамоати деҳоти Корез мактаби нави таҳсилоти умумиро ифтитоҳ кардааст, ки бо харҷи 17 миллион сомонӣ барои 1280 хонанда дар ду баст бунёд шудааст.


АКС: Президент дар Данғара беморхонаи 100 миллионӣ ба истифода дод

АКС: Президент дар Данғара беморхонаи 100 миллионӣ ба истифода дод

АКС: Президент дар Данғара беморхонаи 100 миллионӣ ба истифода дод

АКС: Президент дар Данғара беморхонаи 100 миллионӣ ба истифода дод

АКС: Президент дар Данғара беморхонаи 100 миллионӣ ба истифода дод

АКС: Президент дар Данғара беморхонаи 100 миллионӣ ба истифода дод

АКС: Президент дар Данғара беморхонаи 100 миллионӣ ба истифода дод

АКС: Президент дар Данғара беморхонаи 100 миллионӣ ба истифода дод

АКС: Президент дар Данғара беморхонаи 100 миллионӣ ба истифода дод

АКС: Президент дар Данғара беморхонаи 100 миллионӣ ба истифода дод

АКС: Президент дар Данғара беморхонаи 100 миллионӣ ба истифода дод

АКС: Президент дар Данғара беморхонаи 100 миллионӣ ба истифода дод

АКС: Президент дар Данғара беморхонаи 100 миллионӣ ба истифода дод

АКС: Президент дар Данғара беморхонаи 100 миллионӣ ба истифода дод

АКС: Президент дар Данғара беморхонаи 100 миллионӣ ба истифода дод

АКС: Президент дар Данғара беморхонаи 100 миллионӣ ба истифода дод
Мӯҳр
Рачаб
Дар ин беморхона табобат бе пул бошад?

самандар
рахмонро президенти дангараву гаргара мегуянд ва хеч не, ки минтакахоро бо як чашм нигох кунад ва инро тахрихчиён бояд, ки ба назар гиранд, дар холе, ки бо сад миллион маблаг дар ватанаш ба кавли худаш ( фахмиши рахмон) иншоот месозад ва дар яке аз нохияхои дурдасти кухистони раиси нохия чихати сохтани як стадиони одди мардумро зораву тавалло мекунад, ки сум чамъ кунед ва мо ба мактаббачахо стадиони варзиши бунёд кунем, ки директори мактаби бечора солхост, ки аз гиребони мо гирифта. Инсоф ва аклу фаросату вичдон доштан даркор!

Боракалло бачагони дангара, диёратона обод кунед! ба дигар нохияхо кордор нашавед худашон рохаша ёфта обод мекунанд, охир сохибкорони бономусу саховатпеша кам нест ку. кадротона зиёдтар кунед ба мансабои давлати кашед, дигар кадрхо пускай да россия кор кунанд. мактабои 5 миллион доллара ва духтурхонахои 20 миллион долларая да дангара созед дигаро пускай да хонаву огил дарс хонанду да падвал табобат гиранд. точикистон аз мани.

MUBORAK SHAVAD.XAIRUYAT DAR DANGARA HAM MESOXTA BUDAAND.FAKAT XUJANDU POMIRU DUSHANBERO SOXTANASHRO MEDIDEM.DAR DIGAR NOHIYAHOI KULOB CHI???

Darvesh
To ba kay ba chashmi mardum khok meposhem ???
Ku on obi garm dar in Bemorkhonai nav?????? Nadorad na obi khunuk va na ob garm !!!!!!!!!!

донишчу
Факат дангара? Чаро акалан як пункти тибби дар нохияи Мастчохи кухи намесозанд то мардуми сарсахти ин нохия аз ёрии аввали дастрас кунанд!!!

донишчу,
донишчучон кучида дангара бие аз баланди барои он ки дангара ватани точикон аст на аз лакайу калук хамаи точикистон ватани точикон аст сад сола шави чаноби президент ба ободониатдонишчу,

Ватандуст
Агар хар точик монанди Эмомали Рахмон ба зодгохаш хидмат кунад, хама чои Точикистон обод мешавад ва дар хама чо беморхонахои чумхуриявию мактабхои замонави пайдо мешавад. Махалдустиро бояд аз сарвари давлат ёд гирем...

:)
донишчу,

Барои он, ки шумо ношукрен!

Масчои из Х-АЪЛО
Барои инхо ВАТАН факат Дангара хаст.Аз ким кучое афсонаеро бофтаанд ки гуё 70 сол шимолро обод карда бошанду онхо монда бошанд.хол он ки дар шимол он ободие ки онхо хамачо эълон доранд ягон вакт набуд ба чузъ як шахри хучанду чкаловск.дар дехаи мо акалан як стадионе нест.спортзал нест хол он ки 4 хазор ахоли зиндаги мекунад.дар хамсояхои мо киргизхо 100 нафар зиндаги мекунад барои онхо хукуматаш мактаби нав сохт бо стадиону спортзал.мо шарамамон меояд аз чунин давлату аз чунин давлатдори

махалчигии бесобика.

Мухтарам президент чида инкадар тез тез ба районо мерен. Просто халк илоч надорад хушомад мезанад. Охи боят духтурхонара вазири тандурусти завода вазири саноат кушоян. И то хамун заводи кушодаги як мох кор мекунаду халос.

Эй донишчуи курнамак, охир порсол дар мастчохи шумо калон рафта мактабу бунгохи тиббиро ба истифода дод ку!
Чаро шумо нодида мегиред? Ба фикрам агар диламонро кандп дихем базпи шумо кадр намекунед кам аст!

Дангара
Мегум агар пропискаи Дангарада монум мара вазифаи ругани метен. Мун ай Дангара нестам барои хамин гуфтестум.

Дидор
Худо хохад ягон руз президент аз махалдусти ба миллатдусти хам мерасад. Аммо он руз кай мешуда бошад? Дангара намедонам сад хазор ахоли дорад ё не. Зеро ними ин нохия ба Душанбе бурда шуданд ва боз чаро дар он чо беморхонаи чумхурияви месозанд? Пули мардумро дуруст бояд истифода кард!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)