Қатар алтернативаи “Ал-Ҷазира”-ро таъсис доданист
Мақомоти давлати Қатар аз тасмим дар мавриди таъсиси як шабакаи телевизионии нав хабар додаанд.
Бино ба иттилои расонаҳо ин шабака “Ал-Арабӣ Ал-Ҷадид” ном дошта, ҳадафи аслияш баланд бардоштани имиҷи Қатар дар назди ҳамсояҳояш дар Халиҷи Форс мебошад.
Дар доираи ин шабака таъсиси чанш телевизион ва интернет-сомонаҳо дар назар будааст. Қароргоҳи аслии шабакаи “Ал-Арабӣ Ал-Ҷадид” дар Лондон ва сомонаи аслӣ дар Бейрут хоҳад буд.
Оғози моҳи март Имороти муттаҳидаи Араб, Баҳрайн ва Арабистони Саудӣ бо нишони эътироз аз сиёсати Қатар дар мавриди пуштибонияш аз ҳаракати “Бародарони мусалмон” сафирони худро аз Доҳа боз хонданд. Арабистони Саудӣ дар пайи Миср “Бародарони мусалмон”-ро созмони террористӣ эълон карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |