Озодии Равшан Собиров, раиси ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон аз маҳбас
Равшан Собиров, вазири пешини рушди иҷтимоии Қирғизистон ва раҳбари ҷамъияти тоҷикони ин кишвар аз маҳбас озод шудааст.
Тибқи иттилои Раёсати муассисаҳои ислоҳии Қирғизистон, ин вазири тоҷик бар асоси қонуни авфи ин кишвар оид ба 65-умин солгарди "Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар" рӯзи 20 март аз идомаи ҷазо озод карда шудааст.
Додгоҳи олии Қирғизистон Равшан Собировро барои 5 сол зиндонӣ кард. Парванда алайҳи ӯ бо нишондоди собиқ ёвараш, Тоҳир Мирзоаҳмадов оғоз гардид, ки 4-уми июли соли 2012, зимни гирифтани ришва аз як ширкати итолиёвӣ дастгир шуд. Ӯ изҳор доштааст, ки маблағро бо дастури Собиров гирифтааст, вале баъдан эътирофоташро ба манфиати Равшан Собиров тағйир дода буд.
Равшан Собиров, ки моҳи декабри соли 2011 вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон таъин гардид, моҳи июли соли 2012 дар робита ба иттиҳомот дар фасодкорӣ муваққатан аз ин мансаб барканор гардид. Ӯ панҷуми июли соли 2012 боздошт ва ба боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон интиқол ёфт. Додгоҳи ноҳияи Первомайски Бишкек, Собировро моҳи ноябри соли 2012 «сафед» эълон кард. Аммо додситонии кулли Қирғизистон парвандаи Собировро аз нав ба баррасӣ гирифта, ба додгоҳ ирсол намуд, ки бо панҷ сол ҳукми зиндон ва мусодираи амволаш поён ёфт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |