Бахшҳо
20 мар 2014 17:42Тоҷикистон / Сиёсат

Кумитаи амният: Мирзоев хеши собиқ мансабдори Додситонии кул аст

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия қасдан латукӯб шудани сарбоз Шаҳбоз Мирзоевро аз ҷониби фелдшер Усмоналӣ Ғайратов рад карда, таъкид намудааст, ки Мирзоев зимни гуштигирӣ осеб бардоштааст.

Кумитаи амният инчунин писари мансабдори Додситонии кул будани фелдшер Ғайратовро рад карда, таъкид намудааст, ки баръакс сарбози ҷабрдида Шаҳбоз Мирзоев, хеши наздики яке аз собиқ шахсони мансабдори Додситонии кулли Тоҷикистон мебошад.

Дар иттилоияи ин ниҳод омадааст, “пеш аз ҳодисаи осебгирии Мирзоев Шаҳбоз дар вақти гӯштингирӣ Ғайратов ягон маротиба мавриди лату кӯб қарор надошт. Ҳолати бо теғ (лезва) буридани пойҳои Мирзоев Ш. Н. ҳам ба ҳақиқат наздикӣ надорад, танҳо баъди гирифтани осеб аз ҷониби табибон барои муаян кардани ҳискунии пойҳои ў бо сўзан пай монда шудааст.”

Кумитаи давлатии амнияти миллӣ меафзояд, ки сарбози осебдида айни ҳол дар беморхонаи ҷумҳуриявии Қарияи боло, бо тамоми лавозимоти тиббӣ таъмин буда, табобаташ таҳти назорати табибони Сарраёсати Қӯшунҳои Сарҳадии КДАМ қарор дорад: “Муолиҷаву табобат тавре қонун пешбинӣ кардааст, аз ҷониби Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар ба таври ройгон таъмин карда мешаванд."

Бо вуҷуд ин ниҳод таъкид мекунад, ки “феълан нисбат ба Ғайратов Усмоналӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад ва ҳамаи шахсони сабабгор, ки беаҳамиятии онҳо боиси осебгирии сарбози қаторӣ Мирзоев гардидааст, ба ҷавобгарии интизомӣ, то дур кардан аз мансаби ишғолкардаашон кашида мешаванд.”

Шаҳбоз Мирзоев, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт баъди хатми донишгоҳи Хуҷанд ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафтааст, вале шаби 8 март аз ҷониби ҳамхидматонаш дар қисми ҳарбии нерӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ мавриди латту кӯб қарор гирифтааст бо ҷароҳати вазнин дар Қарияи боло бистарӣ шудааст.
Мӯҳр
сарбоз аз Понгоз
Браво хокимони имруза!!!

набошад гуенд худи Шахбоз гунахгор. Ин гапхои пучро яктараф моненд, аз паи табобати афсари катори шавенд. баёниё ба суханхои занхои лаби об монанди дорад. мегуянд ку ""вай худаш кард""!!!

марг бар чунин рохбарони давлат

бар чун рохбаролаън

али
барои чавонхо аз хизмат нагурезад гуфта ин ходисаро дуруг эьлон карданд ахсан

Яхё
Игапо хамаш дуругай!!! Шумо бовари дорен, ки ягон нафар бе асос давлатро тухмат мекунад? Утари одама гов судш мекнан. Сад дар сад ин сарбоз лату куб шудагияй. Ма худам хизмат кардагийм Сержанто мезанант командир част хамаи инхоро мебинад вале ягон гапшу намега. Хизмат дар мо дуругай. Шайтонгарияй факат тамом.

Яъне сарбоз аз сахтии дарди дандон ба кисми санитари-харби барои гуштингири рафтааст.

"Дур кар

"Дур кардан аз мансаби ишголкардаашон", яьне ба мансаби баландтар кашида мешавад.?

Солдат
Мегум ай кампирои лави ов гзаронд и кмитаи ноамният!

карим
падари Гайратов дар хакикат дар Прокуратураи генералиии ЧТ кор мекунад валу у шахси мансабдор набуда як хизматчи (служащый ), яъне коргари оддии техники мебошад.

ААА
Дилам ба он Шахбоз месузад, ки бо хохиши худаш ба хизмати харби рафтааст. Рав Россия рав чи ният дошти нияти лату куб шуданро дошти чи. Ту хизмат рафти мисле, ки писархои мансабдорони мо ба хизмат мераванд, Хайфи ба хизмат рафтани ту бародари Шахбоз!!!!!

Айбаст эй Кумитаи амнияти милли... Шумо холи хами салдати маюба гунагор мебарорен гуё ки ин салдат сарашро дар пои вай задаст.. Ку мебинем аз хамин руз этиборан ки ба хизмат меравад.

Бигзор, ки у писари хар касе ки набошад. Бояд у аз чониби шахси зиёнрасонида табобат карда шавад. Бигзор, ки уро хечкас назадаст ва худаш афтидааст. Пас ин чубронро бояд хамон кисми харби пардохт кунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)