Бурду бохти Тоҷикистон аз 1 соли узвият дар СҶТ
Ҳумайрои БАХТИЁР
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, барои натиҷагирӣ аз узвият ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат як сол хеле кам аст ва ҳадди ақал 5 сол лозим аст, ки Тоҷикистон манфиати СҶТ-ро эҳсос кунад.
Сӯҳроб Одинаев, масъули Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар зимни ҳамоиш дар мавзӯи “Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон” бо зикри ин нукта гуфт, ки ҳоло Тоҷикистон дар марҳилаи гузариш қарор дорад: “Албатта давоми 1 сол ҳеч тағйиротеро наметавон мушоҳида кард. Метавон баъди 5 сол натиҷагирӣ кард, ки дар Тоҷикистон бо воридшавӣ ба СҶТ чӣ чиз тағйир ёфт.”
Дар ҳамин маврид Ёван Йокич, намояндаи лоиҳаи USAID гуфт, ки воқеан 1 сол барои натиҷагирӣ кардан хеле вақти кам аст. Оқои Йокич бар ин назар аст, ки як қатор бахшҳои Тоҷикистон ба ислоҳот ниёз дорад: “Бахши андози Тоҷикистон ҳамоно ба ислоҳот ниёз дорад. Дар масъалаи гумрук бошад, ислоҳоти кулл лозим аст. Ҳамчунин имкониятҳои “Тоҷикстандарт” низ хеле восеъ буда, он бояд маҳдудтар карда шавад. Ҳоло корҳо барои расидан ба ин мақсад идома доранд.”
Ёван Йокич ба унвони далел гуфт, ки дар қиёс ба солҳои қаблӣ ҳудуди 100 номгуйи маҳсулот аз “Тоҷикстандарт” намегузарад, ки ин ба манфиати кор аст.
Дар робита Фирӯз Баротов, медиа консултант ба Сӯҳроб Одинаев, намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон пешниҳод кард, то барои фаъолият ба соҳибкорони хурду миёна шароити беҳтар фароҳам оварда шавад. Баротов аз ҷумла гуфт, дар кишварҳои дигар соҳибкории хурду миёна омили аслии рушд буда, Тоҷикистон низ ба ин бахш бояд таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кунад: “Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар бояд феҳрасти тамоми соҳибкорони хурду миёнаро тартиб бидиҳад. Бояд маълумоте бошад, ки давоми солҳои охир чанд соҳибкор фаъолияти худро қатъ кард, бо чӣ сабаб, чанде аз онҳо муфлис шудаанд?”
Сӯҳроб Одинаев, намояндаи Вазорати рушди иқтисод гуфт, ки Тоҷикистон ба унвони узви СҶТ наметавонад ба соҳибкорони дохилӣ имконият ва шароити бештар бидиҳад. Ҷаноби Одинаев бо ишора ба меъёрҳои СҶТ гуфт, ки ҳеч давлати аъзои ин созмон ҳақ надорад, дар баробари маҳсулоти хориҷӣ ба маҳсулоти дохилӣ авлавият бидиҳад, зеро ин нобаробарӣ дар тиҷорат хоҳад буд: “Аз тарафи дигар соҳибкорони мо имконияти хуби молӣ надоранд. Бонкҳои Тоҷикистон бо фоизи хеле баланд қарз медиҳанд. Баъзан то 40 фоиз. Ин фоизҳои қарзгирӣ бояд кам бошанд. Ман бовар дорам, ки шароити соҳибкорони мо беҳтар хоҳад шуд. Дар доираи барномаҳои СҶТ мо барои бахши соҳибкории кишоварзӣ то 8 дарсад имтиёз мегирем.”
Сӯҳроб Одинаев бар ин назар аст, ки бо воридшавии Тоҷикистон ба СҶТ, ба вуҷуд овардани рақобат дар бозорҳои кишвар фазои сармоягузорӣ беҳтар хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |