АКС:Шикояти сокинони Рӯшон аз истифодаи ғайриқонунии силоҳ аз ҷониби пулис
Сокинони Рӯшон, ки худро дар қазияи 18-уми март ҷабрдида меҳисобанд, аз болои роҳбарияти пулиси Бадахшон ба додситонии ноҳия муроҷиат карда, маъмурини пулисро дар истифодаи ғайриқонунии силоҳ, сӯиистифода аз салоҳиятҳои мансабӣ ва вайрон намудани фармони президент оиди манъи гаштугузор бо силоҳ дар маҳаллаҳои аҳолинишин муттаҳам мекунанд.
Худоёр Сардоров, сокини 24-солаи Рӯшон, ки дар пайи латукӯб аз ҷониби маъмурини пулис сутунмуҳрааш лат хӯрдааст, изҳор медорад, ки ӯро бо қундоқи автомат зада, дар маҳаллаи Себчашмаи Рӯшон партофтаанд, ки дар натиҷа аз ҳуш рафтаст. Ӯ аввал ба беморхонаи ноҳиявӣ ва баъдан ба табобатгоҳи вилоятӣ интиқол ёфтааст.
Додалӣ Алидодов, духтури шикастабанд вазъи Сардоровро дар лаҳзаҳои аввали ворид шудан ба беморхона вазнин арзёбӣ карда, мегӯяд, дар пайи ташхис муайян шуд, сутунмуҳрааш осеб дидааст.
Худоёр Сардоров ҳамроҳи бародарон Темуровҳо -Алиҷон, Шералӣ ва Алим рӯзи 18-уми март дар мавзеи “Ҷингал” дар наздикии маркази ноҳияи Рӯшон аз ҷониби маъмурин, ки Файзулло Нозимов, сардори пулиси Бадахшонро ҳамроҳӣ мекардаанд, латукӯб шудаанд.
Дар ҳамин ҳол як гуруҳ сокинони Рӯшон бо баргузории як ҳамоиш назди ҳукумати ноҳия таҳқиқи мунсифонаи қазияро талаб кардаанд. Феълан вазъ дар вилоят муътадил арзёбӣ мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |