Вокуниши наздикони “террористон” ба ҳукми Додгоҳи Олӣ (ВИДЕО)
Нилуфари КАРИМНаздикони бархе аз аъзоёни гуруҳи Алимурод Маханов, ки имрӯз, 20-уми март бо иттиҳоми терроризм равонаи зиндон шудаанд, ҳукми додгоҳро ғайриодилона ва парвандаро сохта арзёбӣ карданд.
Боймурод Маханов, падари Алимурод, ки саркардаи ин гуруҳи террористӣ арзёбӣ мешаваду ба 21,5 соли зиндон маҳкум шуд, дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки аз ҳукми додгоҳ нисбати писараш розӣ нест. Ӯ гуфт, писараш дар охирин суханронияш дар мурофиаи додгоҳӣ гуфтааст, ки ягон гуноҳ накардааст ва он ҳама иттиҳомотро қаблан таҳти фишор ба дӯш гирифтааст: “Ҳатто дар мусоҳибааш бо телевизион зери фишор қарор доштаст.”
Модари Амиралӣ Давлатов, ки дар узвият ба гуруҳи Маханов муттаҳам шуда, бо ҳукми додгоҳ барои 19 сол равонаи зиндон шудааст, мегӯяд, писараш дар бозор ба тиҷорат машғул буд ва гуноҳе надорад: “Писари ман дар бозор картошкаю пиёз мефурухт. Дар хона се фарзанди маъюб дорам саломатии худам хуб нест. Писари маро бе гуноҳ террорист бароварданд.”
Муҷиба Давлатова ҳамсари Амиралӣ мегӯяд, ӯро бо шавҳараш ба ВКД бурда як рӯз фишор меоранд, то ин, ки ӯ нависад, ки тапонча ба шавҳараш тааллуқ дорад. “Маро бо шавҳарам ба ВКД оварданд аз бомдод то шом фишор оварда гуфтанд, ки ман гӯям, писталет аз шавҳарам аст. Дашноми зиёд карданд.”
Додгоҳи Олии Тоҷикистон имрӯз, 20-уми март Алимурод Махановро бо иттиҳоми терроризм 24 сол аз озодӣ маҳрум кард. Додгоҳ аъзоёни дигари гуруҳ Амиралӣ Давлатовро ба 19 сол, Кенҷа Абдулаҳатов ба 15 сол, Сироҷ Қараев ба 11 сол ва Сорбон Комиловро ба 2 соли зиндон маҳкум карда, Иброҳим Ҳусейновро аз толори мурофиа озод намудааст.
Дар ҳамин ҳол Мавлудҷон Салихов, вакили дифои Сорбон Комилов дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки аз ҳукми додгоҳ рози буда ба зинаҳои болои суди муроҷиат намекунанд.
Аммо Шуҳрат Қудратов, вакили дифои Кенҷа Абдулаҳатов, ки 15 соли зиндон гирифтааст мегӯяд аз ҳукми додгоҳ розӣ набуда, рӯзҳои наздик ба зинаҳои болоии суд шикоят хоҳад бурд.
Алимурод Маханов ва чанде аз ҳамроҳони ӯ дар остонаи интихоботи президентии 6 ноябри соли гузашта боздошт шуданд. Худи ӯ дар як намоиши телевизионӣ гуфта буд, ҳадафи онҳо таркондани баъзе аз иншооти Душанбе, аз ҷумла бинои Кумитаи амнияти миллӣ ва “шикастани сохтори давлатии Тоҷикистон” буд. Ба гуфтаи Маханов, ӯ соли 2011 ба узвияти Ҳаракати исломии Узбакистон шомил шуда, раҳбарии гуруҳи ҳаштнафараеро, ки муташаккил аз шаҳрвандони Туркия, Қирғизистон ва Узбакистон мебошад, бар зимма доштааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |