Муовини раиси Кумитаи дин: Таҷлили Наврӯз раво ва муфид аст
Тоҷиддин Асомиддинов, муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон таҷлили иди Наврӯзи дур аз хурофоту исрофкориро аз нигоҳи Ислом раво ва муфид хондааст.
Асомиддинов такя ба сарчашмаҳои таърихию фиқҳии исломӣ гуфтааст, “наврӯз дар ҳақиқат як навъ ид ва маросими миллӣ аст, ки асосан бо баҳору бедории табиат пайвандӣ дошта, рабти он бо дину оини хоссе маълум нест.”
Ба қавли муовини раиси Кумитаи дин, иди Наврӯз дар замони паёмбарони гузашта низ таҷлил шуда, аз сабаби одобу русуми муфиди иҷтимоӣ дар он ҷой доштанаш бо рӯҳияи тавҳидии динҳои осмонӣ, аз ҷумла Ислом зиддият надорад: “Суннатҳое дар ин ид ҷой гирифт, ки бевосита мавриди тасдиқ ва таъкиди Ислом мебошанд. Аз қабили хонатаконӣ, хабар гирифтан аз хешовандон (силаи раҳим), поксозии муҳити зист, ҳадя додан ба якдигар ва шукргузорию сипос аз неъматҳо.”
Тоҷиддин Асомиддинов дар идома таъкид кардааст, иди Наврӯз, ки таърихи пайдоиши он ба давраҳои пеш аз Ислом бармегардад, бо зуҳури ин дин низ миёни мардуми мусулмон ҷойгоҳи муътабареро ба худ касб кардааст. “Иди наврӯз мӯҳтавои худро аз маорифи исломӣ ғанитар сохта ва дар натиҷа як иди миллӣ – мазҳабӣ гаштааст.”
Инчунин муовини раиси Кумитаи дин афзудааст, ки мардуми мусулмон ҳатто дар ин ҷашни аввали баҳор дуои худро низ дошта, дар он аз Офаридагори худ тағйироти мусбӣ ва дигаргун шудан ба самти некиҳоро талаб мекунанд: "Ё муқаллиба-л-қулуби вал–абсор, ё мудаббира-л-лайли ва-н-наҳор, ё муҳаввила-л- ҳавли ва-л- аҳвол, ҳаввил ҳолано ило аҳсани-л- ҳол." (Эй Худованде, ки дигаргункунандаи дилҳо ва чашмҳо ҳастӣ ва корсози низоми шабу рӯзи дунёӣ, эй дигаргункунандаи солу ҳолҳо, ҳоли моро ба некӯтарин ҳол табдил соз.)
Асомиддинов дар охир таъкид кардааст, ки Наврӯз бо чунин мӯҳтавою ақдиаҳо аз нигоҳи Ислом раво буда, таҷлили он барои ҷомеаи исломӣ аз манфиат холӣ нест.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |