Шанбе, 5 Апрел 2025
Барканории Сайфуллозода ва мақоми нави Файзраҳмонов дар ҲНИТ
Маҳмудҷон Файзраҳмонов сухангӯи нави Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таъйин гардид. То ин дам Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, сардабири нашрияи “Наҷот” ин мақомро бардӯш дошт.
Тавре аз ҲНИТ ба “Озодагон” хабар доданд, Оқои Файзраҳмонов рӯзи 20 март ба ин симат интихоб шудааст. Ба иттилои манбаъ, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, ки ахиран сардабирии торнамои ҲНИТ-ро низ ба зимма гирифт, ба хотири зиёд шудани салоҳиятҳояш ин мақом ба Маҳмудҷон Файзраҳмонов супорида шудааст.
Файзраҳмонов 5 майи соли 1976 дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон ба дунё омада, фориғуттаҳсили Донишгоҳи байналмилалии исломии шаҳри Исломободи Покистон мебошад, ки бо номи "Файсал" машҳур аст. Номзади илм дар риштаи динҳои ҷаҳон буда, бо забонҳои арабию англисӣ ва урду озод ҳарф мезанад.
Ӯ дар гузашта дар мақомҳои гуногун дар ҲНИТ, аз ҷумла ба ҳайси сардабири торнамои расмии ин ҳизб аз соли 2011 то декабри соли 2013 фаъолият кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |