АКС: Сайри шомгоҳии президенту писараш дар боғи нави Наврӯзгоҳ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бегоҳи 19-уми март дар шаҳри Душанбе боғи нави Наврӯзгоҳро ифтитоҳ намудааст, ки дар масоҳати 146 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ороишоти асосии боғи нав- шаршараи боҳашамат ва фаввораҳои назди он мебошанд, ки бо пахши тугма аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба кор дароварда шуданд.
Манбаъ мегӯяд, ороишоти дигари ин боғ, дарахтони зебою нодири боҳашамати ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳое мебошанд, ки аз гӯшаҳои гуногуни дохил ва хориҷи кишвар ба ин ҷо оварда шудаанд: “Шаршараи бошукӯҳ, ки баландиаш 22 метр аст ва ҳам фаввораҳои сершумори Наврӯзгоҳ шабонгоҳон бо рангҳои гуногун ҷило медиҳанд”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, боғи Наврӯзгоҳ дар миёни Қасри миллат ва майдони Наврӯзгоҳи пойтахт қарор гирифта, дар баробари Боғи Рӯдакӣ, боғу гулгаштҳои назди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон ба маркази шаҳри Душанбе ҳусну намои тоза зам кардааст.
Манбаъ афзуд, дар боғи мазкур, ҳамчунин майдончаи бозию дилхушии кӯдакон мавриди истифода қарор гирифт, ки дорои атраксионҳои гуногун аст: “Дар гӯшаҳои гуногуни он як тарабхона бо 150 ҷойи нишаст, қаҳвахонаи яхмос бо 40 ҷойи нишаст, ошхона бо 20 ҷой ва чойхона бо 60 ҷойи нишаст бунёд ёфтаанд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |