Бахшҳо

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, "Наврӯз ҷашни мазҳабӣ набуду нест!"

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон сокинони кишварро бо фарорасии иди Наврӯз табрик гуфта, таъкид кард, ки ин ҷашн ҳаргиз иди мазҳабию ақдидавӣ набуду нест.

Ӯ ин ҳарфҳоро рӯзи 19 март ҳангоми суханронияш дар ифтитоҳияи мактаби рақами 8 шаҳри Душанбе изҳор дошт. Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, “ҳазорсолаҳо талош карданд, то монеи пешвози ин ҷашн шаванду онро аз байн бибаранд, аммо натавонистанд. Бо вуҷуди баъзе монеаҳо, ин ҷашн дубора аз нав эҳё гардиду аз байн нарафт. Бо хун омадааст, меравад!

Эмомалӣ Раҳмон дар идома аз сокинони кишвар даъват кард, дар иди Наврӯз кинаву кудурат ва бадбиниро аз дилҳо берун кунанду дунболи хурсандию хушҳолӣ бошанд: “Ман ҳисоб кардам, мардуми тоҷик дар як моҳ тақрибан ду ё се ид орад, Худо аз ин ҳам идҳоро зиёдтар кунаду доимо дар Тоҷикистон хурсандию хушҳолӣ бошад.
Мӯҳр
Саид
"Бо хун омадааст, меравад!" Ё Бо хун омадам, бо хун меравам? Ин гапр кучое шунидам!!!!

порсо
идхо хубанд вале кай точикистон мисли давлатхойи мутаракки мешавад то ба кай мардуми сарсахти точик гостарбайтер мешавад рафик президент шумо бештар фикри ин масоилро кунед куза то ба кай ба лаби ношикаста меравад.Дар мавриди иди НАВРУЗ бошад дар хакикат ин иди миллии мардуми ориейи хаст ва онро бояд бо тамоми шукуху шахоматаш бояд чашн гирифт ин соф иди форсихи хаст яъне мо точикон навруз ба хама муборак хамватанони азиз.

Аҳмад
бисёр хуб гуфтед ҷаноби олӣ бояд дар навруз ҳама кинаву кудурат ва бадбиниро аз дилҳо берун кунанду дунболи хурсандию хушҳолӣ бошанд
МО ХАМ ДУЪО МЕКУНЕМ ХУДО БА БАРАКАТИ ИФТИТОҲИ ҲАМИН МАКТАБИ ҶАОБИ ЗАЙД САИДОВ, ФАТОҲ САИДОВ ҲАМ КИНАҲОЯШРО ДАР МУҚОБИЛИ ИН МАРДИ ХИДМАТГОРИ МИЛЛАТ АЗ ДИЛҲО(АЗ ДЕЛОҲО) БЕРУН КУНАД

Э.Рахмон хак аст ё чанд нафари фейкхои макомот?
Ахиран Э.Рахмон райисчумхури кишвар дируз дар ифтитохи мактаби тахсилоти хамагонаи №8 мардуми кишварро бо фарорасии Навруз табрик намуда, гуфт: Навруз хеч вакт иди мазхаби набуду нест ва он хамчун иди милли чашн гирифта мешавад. Чанд руз кабл Хочи Акбар Турачонзода, яке аз ашхоси маъруф ва донишманди улуми фикх гуфта буд, ки Навруз ба дин рабт надорад ва он агар хамчун иди милли чашн гирифта шавад боке нест, аммо як тудаи зархаридони макомот, ки машгулашон лаганбардорию хушомадгуи бо нияти нишон додани садокати худ дар назди райисчумхур гуфтахои Эшонро ба бахс кашида охиронро хатто тахкиру тухмат намуданд. Ин бахс чанд руз аст, ки дар гуруххои ФБ идома дорад. Акнун, ки гуфтахои Х.А.Турачонзода тасдик шуданд (шояд у ба ин ниёз хам надорад, чун акидааш хамеша далелнок аст) ва аз забони райисчумхур низ садо дод, ки Навруз хеч иртиботе ба дину мазхаб надорад, акнун ин фейкхои зархариди макомот баробар ба хамон гуфтахои Ольга Тутубалина дар бораи зиёиён рост омад. Шояд дар вакташ В.И.Ленин хаминхоро низ дар назар дошта бошад? Ё хато кардам?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)