ВИДЕО: Туҳфаҳо ва консерти “ғайриинтизор”-и Нозия дар Қарияи Боло (АКС)
Нозияи Кароматулло, сарояндаи маъруфи тоҷик, имрӯз, 19-уми март, аз ҳоли кӯдакони мубталои бемории саратон дар Қарияи Боло хабар гирифта, барояшон туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим намуд.
Ӯ ҳамчунин дар чорабинии наврӯзии Марказии саратоншиносии Тоҷикистон иштирок намуда, барои табобатгирандагони марказ сурудҳо хонд.
Нозияи Кароматулло изҳор дошт, ки аз ҳар имконияташ барои хурсанд кардани кӯдакону ниёзмандон истифода мекунад ва таъкид намуд, агар сурудҳояш фараҳ бахшанд, омодааст, такрор ба такрор онҳоро барои ҳаводорон иҷро намояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |