ФМС хостааст, видеои ифшокоронаи тоҷикон аз Ютуб лағв шавад (ВИДЕО)
Масъулини Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия хостаанд, навори ифшокорона дар бораи шароити будубоши муҳоҷирони тоҷик дар боздоштгоҳи муваққатӣ бардошта шавад.
Фаъолони Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия, ки ин наворро дар ютуб пахш намуданд, изҳор медоранд, ки дар пайи он фишор болои муҳоҷирон дар боздоштгоҳи махсус афзоиш ёфтааст. Масъулини ФМС ҳуҷраҳои муҳоҷиронро бозҷӯӣ карда, ду муҳоҷирро, ки бештар аз шароити тоқатфарсои боздоштгоҳ танқид намудаанд, дар ҳуҷраҳои алоҳида ҷой додаанд.
Қаблан муҳоҷирони тоҷик, ки дар боздоштгоҳи махсуси Дмитровски Маскав ихроҷашонро ба Ватан интизоранд, дар суҳбат бо Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон дар Русия аз шароити нигоҳдорӣ ва беаҳамиятии масъулин шикоят кардаанд. Муҳоҷирони тоҷик, ки миёнашон занон низ ҳастанд, бо зикри беаҳамиятии масъулини сафорат ва намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, дар назди дастгоҳи наворбардорӣ муфассал шароити тоқатфарсои нигоҳдорияшонро баён намудаанд:
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |